Паёми Пратибҳа Меҳта бахшида ба ифтитоҳи муколамаи васеъ оиди 75 солагии СММ дар Тоҷикистон
Ман хушҳол аз он ҳастам, ки аз оғози муколамаи васеътарини байналмилалӣ, ки Дабири кулли СММ вобаста ба ҷаҳони оянда ва 75 солагии СММ, ки дар соли 2020 ҷашн гирифта мешавад пешбарӣ намуданд, дар Тоҷикистон эълон намоям.
Созмони Милали Муттаҳид соли 1945 бо мақсади дастгирии амалиёти дастаҷамъӣ оид ба татбиқи сулҳ, рушд ва ҳуқуқи инсон барои ҳама таъсис дода шудааст. Аз он вақт инҷониб вазъият дар ҷаҳон тағйир ёфт, вале афзалиятҳо то ҳол муҳим боқӣ мемонанд. Ҳаллу фасли масъалаҳо ба монанди нобаробарӣ, тағирёбии иқлим, ҳама гуна зӯроварӣ, ки дар роҳи ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки дидгоҳи муштараки мо барои оянда аст, монеъ мешаванд, ҳамкориро бидуни сарҳадот, бахшҳо ва наслҳо тақозо мекунад.
Ташаббуси муколамаи глобалии #СММ75 бо мақсади густариш додани муколамаи глобалӣ ва амалҳо дар самти он, ки мо чӣ гуна метавонем ҷаҳони беҳтарро сарфи назар аз мушкилиҳои дар боло зикршуда, бисозем, ба роҳмонда шудааст. Он мусоҳибаҳо дар ҳама қишрҳои ҷомеа — аз синфхонаҳо то толорҳои баланд, аз парламентҳо то сатҳи маҳалгузаронида мешаванд. Диққати махсус ба ҷавонон, духтарон ва занон ва онҳое, ки овози онҳо дар бисёр ҳолатҳо шунида намешавад, дода мешавад.
Маъракаи васеи муколамаи миллӣ дар Точикистон барои муҳокима ва тасаввур кардани ояндае, ки мо барои худ, фарзандон ва наберагонамон мехоҳем, баргузор мегардад. Бо ин маърака мардону занон, ҷавонон ва калонсолон, соҳибкорон, деҳқонон, хизматчиёни давлатӣ, аъзоёни парлумон, писарону духтарон ва хонандагон дар деҳот ва дар шаҳрҳо фаро гирифта мешаванд.
Андешаҳои ҷамъшуда, ба эҷоди як биниши глобалӣ то соли 2045, ки дар он садсолагии СММ ҷашн гирифта мешавад, мусоидат хоҳад кард. Ҳар як овоз барои баланд бардоштани дарки хатарҳо барои ноил шудан ба ояндае, ки мо мехоҳем ва ба даст овардани иқдоми дастаҷамъона барои амалисозии ин биниш кӯмак хоҳад кард.
Ин ҷаҳон ва ояндаи мо мебошад. Лутфан ба ман ҳамроҳ шавед, то ҳар як нафар, дар ҳар як гӯшаи Тоҷикистон нуқтаи назари худро дар бораи ояндаи мо иброз дошта бошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ