Паёми Президент

Паёми Пешво чун раҳнамо бар парлумон гардид,

Ки онро муҳтаво як сол, бин, то ин замон гардид.

Бидида нек сатҳи зиндагию кори мардумро,

Масири дури оянда аз он бар мо аён гардид.

Бувад молияву андозу гумрук иқтисоди мулк,

Гузаштан бар саноат з-аграрӣ ганҷи гарон гардид.

Бишуд фановарӣ тақвияти нерӯи инсонӣ,

Ривоҷи иқтисодиро сифат аъло нишон гардид.

Фузуда ҳаҷми маҷмӯи ҳама маҳсули дохилро,

Ҳаме барномаи рушду раҳи миллӣ баён гардид.

Нумӯву пешрафти иқтисод аз обу аз НОБ аст,

Чу ин барнома андар созмон сатҳи ҷаҳон гардид.

Мароми амн бо ҳамсоягон аз роҳи некӯист,

Ва молу гардишаш аз чор ҷониб корвон гардид.

Шавад тавлид барқи сабзу сабзад иқтисоди сабз,

Ва об аз пиряхҳо сӯи дарёҳо равон гардид.

Ҳама ризқи Ватан вобасти маҳсули замин бошад,

Зи кишту кор ҳар кӣ дур шуд, боғаш хазон гардид.

Ба соҳибкор бошад манъ санҷишҳои бемаврид,

Ҳама дастурҳо бар табъи ҳар хурду ҷавон гардид.

Зани бедаст ҳам дилмонда аз ин зиндагонӣ нест,

Ки ин ҳолат нишоти мардуми беормон гардид.

Шуд эълон сол соли рушди сайёҳию касбу кор,

Ки ҳар сайёҳро ин мулк маҳбуб ошён гардид.

Бидода рушду равнақ соҳаи илму маорифро,

Пайи иршоди донишҳо асос илми забон гардид.

Ба аҳли дониш эҳсон шуд «Фурӯғи субҳи доноӣ»,

Барои насли наврас озмун чун армуғон гардид,

Бигашта озмуни «Тоҷикистони азизи ман»,

Мадад аз Пешво бигрифта, ғолиб шодмон гардид.

Ятимон бепарасторанду ӯ бошад парастораш,

Савобаш ғулғуландоз аз замин то осмон гардид.

Биомӯзем халқи хеш бо таъриху фарҳангаш,

Ба ҳар як хона, туҳфа чун китоби «Тоҷикон» гардид.

Пазиро Созмон инак Саразми бостонро шуд,

Бигӯянд иди таърихӣ аҷаб ҷашни калон гардид.

Ба синни болиғ он кас соҳиби касбу ҳунар бошад,

Ба тақдири ҳаёташ мустақил андар амон гардид.

Маошу музду нафақа ҳаме гардад баланд акнун,

Ҳама беҳбудии аҳволи вазъи мардумон гардид.

Бувад ҳар як ҷавон созандаи ояндаи миллат,

Бигашта даъвати ҳарбӣ, аҷаб марде аз он гардид.

Ҳама омоли ифротӣ ба ин миллат хатар орад,

Касе к-ӯ рафт бар ин раҳ, варо барзаҳ макон гардид.

Сиёсат ҳаст моро дар ҷахон дарҳои бикшода,

Ки аз ин урфу одат шод арвоҳи Каён гардид.

Биомузӯ биомӯзон паёми Пешво аз сидқ,

Нихонӣ ганҷи асрораш ба сад маъно ниҳон гардид.

Ниҳонӣ

26.12.2019

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *