Паёми тасалияти Эмомалӣ Раҳмон ба Шавкат Мирзиёев
Бунёнгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон ба Шафкат Мирзиёев, Раиси Ҷумҳури Узбекистон паёми тасалият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
“Муҳтарам Шафкат Мирамонович, хабари оташсӯзии автобуси мусофирбарро дар вилояти Актюбинскт Ҷумҳури Қазоқистон, ки муҷиби кушта шудани 52 нафар гардид, бо андуҳи гарон дарёфтам.
Аз Шумо, муҳтарам Шафкат Мирамонович хоҳиш менамоям, ки изҳори тасалият ва ҳамдардии моро аз номи мардум ва давлати Тоҷикистон ба пайвандону наздикони кушташудагон ва хостори шифои комилро ба осебдидагони ин ҳодиса иблоғ намоед”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ