Пайравони “ДИИШ”-ро чӣ интизор аст?

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ моҳи равон ду шаҳрванди Тоҷикистон-Асроров ва Мирзоевро барои ҷонибдорӣ аз ДИИШ равонаи зиндон кард.

Тибқи иттилоияи додситони кулли Тоҷикистон ин ду нафар ҳангоми муҳоҷираташон дар Маскав бо аъзои фаъоли ДИИШ дар Сурия тариқи шабакаҳои иҷтимоии “Одноклассники”, «Вайбер», «Вотсап» ва «Телеграмм» робита доштаанд: “Мирзоев дидаю дониста, ки бародараш дар Сурия алайҳи ҳукумати қонунӣ меҷангад, барои ӯ соли 2016 тариқи бонк 800 доллари ИМА-ро интиқол додааст”. Асроров дар он гунаҳкор дониста шудааст, ки худаш ғояҳои “ДИИШ”-ро қабул карда, бо мақсади сафар ба Сурия ду шаҳрванди дигарро барои шомилшавӣ ба ин созмони террористӣ ҷалб кардааст.

Тибқи иттилои мақомот соли 2016 дар кишвар 1367 ҷинояти хусусияти террористиву экстремистидошта ошкор карда шуда, дар натиҷа 464 узви ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Рустам Азимӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *