Пажӯҳишгари фазилатгустар ва покизакор

Ангуштшуморанд нафароне, ки пешаи худро дӯст медоранд, аз он лаззат мебаранд ва бо камоли майлу дилбохтагӣ ба он машғул ҳастанд. Кам касоне аз овони ҷавонӣ медонанд, ки аз зиндагӣ чӣ мехоҳанд ва талош меварзанд, то зина ба зина монеаҳоро бартараф намуда, роҳ ба сӯи мақсуд бипаймоянд. Субҳонҷони Аъзамзодро чунин як инсоне барои худ кашф кардаам. Сипосгузорам аз Офаридгори бечун ва сарнавишт, ки бо чунин дӯсти бебаҳо ва пажӯҳишгари беҳамтову хастагинопазир рӯ ба рӯ кард.

Соли 1999 буд, ки Субҳонҷон пас аз хатми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва таҷрибаи шашсола дар соҳаи маориф ва фарҳанги Исфара ба донишгоҳи мо омаданд ва аз аввалин мулоқот ва суҳбат ба шарофати доираи густурдаи мутолиот ва хушодобиву шикастанафсӣ таассуроти хубе дар хотири мо гузоштанд. Мо аз адабиётшиноси фақид шодравон Валӣ Самад бояд сипосгузор бошем, ки ба эшон маҳз донишгоҳи моро тавсия доданд ва дар номаи иршоди худ аз банда хоҳиш карданд, ки раҳнамоии рисолаи илмиашонро ба уҳда гирам. Ҳамин тариқ, бо баҳраварӣ аз ду муҳити илмиву адабӣ ва бо истифода аз осори донишмандони Шарқу Ғарб Субҳонҷон шахсияти илмии худро сохтанд ва дар андак фурсат миёни ҳамкорон маҳбубияти хос пайдо карданд. Як нукта аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки баъзе донишмандоне ҳастанд, ки ба иллати ғуруру дағдағаи бебунёд одамонро аз худ дур кардаанд ва, баръакс, хеле афроде ҳастанд, ки ба шарофати фурӯтаниву тавозуъ шахсияташон ҷаззобу дилписанд будааст. Субҳонҷони мо аз тоифаи дувум ҳастанд.

Бинобар ин, дар донишгоҳ дар ҳар вазифае, ки то имрӯз кор кардаанд: муаллим, сармуаллим, дотсенти кафедра журналистика ва назарияи тарҷума, дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик, муовини декани факултети филологияи тоҷик дар бахши илм, докторанти кафедраи адабиёти муосири тоҷик, ҷонишини директори Пажӯҳишгоҳи илмҳои гуманитарии назди донишгоҳ, сардори раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, мудири кафедраи адабиёти муосир ва дотсенти ҳамин кафедра, ходими калони илмии Институти илмӣ-тадқиқотии ҷомеашиносии назди донишгоҳ дар ҳама ҷо ба эҳтироми умум сазовор гаштаанд.

Таълифоти Субҳони Аъзамзод аз назари танаввӯи осор гуногунанд: монография, маҷмӯаи мақолоти илмӣ, осори илмӣ-оммавӣ, мақолаҳо, тақризҳо, мусоҳибаҳо, асарҳои илмӣ-методӣ, таҳрирҳои адабӣ, пешгуфтору охирсухан ба китобҳо, очеркҳои илмӣ-публисистӣ ва ҳоказо. Ба ғайр аз ин дасти тавонои ӯ дар таҳрирҳои адабӣ, таҳияи матн, осорномаҳо, маҷмӯаҳои мақолот ва маводи конфронсҳои илмӣ эҳсос мешавад, ки ин паҳлуи фаъолияти ӯ низ аз кордонии мавсуф ва назокати ҳунари ӯ дар ҷузъиёти китобсозӣ сар карда аз ҳарфу ҳиҷову имло то банду басту риояи сархату сарлавҳаҳо, мувофиқати ҳуруфи чопӣ ба матн ва тарҳрезии сафаҳоти китоб ба мушоҳида меояд.

Аввалин пажӯҳишҳои ҷиддии мавсуф бо таҳқиқи ҳаёт ва фаъолияти Лутфулло Бузургзода алоқаманд мебошанд. Ин рисола соли 1999 таҳти унвони “Ташаккули адабиётшиносии тоҷикии солҳои 30-40-уми садаи ХХ ва бозҷустҳои филологии Лутфулло Бузургзода” ба сифати мавзӯи рисолаи номзадӣ интихоб шуда, дар доираи он мақолоти зиёди муаллиф, аз ҷумла “Нигарише ба симои илмӣ ва мақоми таърихии Лутфулло Бузургзода”, “Мероси классикӣ ва назарияҳои ховаршиносии солҳои 30-40-уми садаи ХХ”, “Ниёзҳои замон ва рисолати пажӯҳанда (нақди замон, рӯзгор ва пайкорҳои илмии Л. Бузургзода)” ва ғайра интишор ёфтанд. Баъд аз ҳафт соли дифои рисола (2002) Субҳонҷон бидуни шитобзадагӣ рисоларо барои чоп тайёр карданд ва бо номи “Адабиётшиносии тоҷик ва ҷустуҷӯҳои илмии Лутфулло Бузургзода” дар нашриёти “Нури маърифат”-и Хуҷанд ба табъ расонданд.

Ин асар ҳосили ҷустуҷӯҳои мураттаб ва пайвастаи муҳаққиқ дар адабиётшиносии солҳои 30-40-уми садаи ХХ буда, дар он кӯшиш ба харҷ рафтааст, ки ҷойгоҳи Лутфулло Бузургзода дар раванди ташаккули афкори адабиётшиносии замон ва ҷусторҳои навгароёнаи аҳли таҳқиқ ва, дар маҷмӯъ, консепсияи навнигарӣ ба доираи кофтукову баррасиҳо кашида шавад.

Ҷузъи дигари фаъолияти илмии С. Аъзамзод таълифи мақолаҳои марбут ба назарияи адабиёт ва нақди адабӣ мебошад. Дар ин замина маҷмӯаи “Адабиёт ва маърифати нақд” (2012) ва мақолаву тақризҳои зиёди ӯ, ки дар матбуот ва маҷмӯаву маҷаллаҳои илмӣ интишор ёфтаанд, шаҳодат медиҳанд. Хабар ёфтаем, ки айни ҳол маҷмӯаи наве низ муштамил бар мақолоти адабпажӯҳӣ ва нақд ба дасти чоп рафтааст.

Дар китоби “Адабиёт ва маърифати нақд” муаллиф масъалаҳои шинохти таърихи адабиёт ва нақди адабии тоҷикии садаи бистро ба миён мекашад. Маҷмӯа аз мақолаи назарӣ оид ба консепсияи нави таҳқиқи таърихи адабиёт ва нақди адабии тоҷикии садаи бист ифтитоҳ меёбад ва мақолоти дигар аз назари таърих ба ду бахш ҷудо шуда, дар бахши аввал назари наққодии адибони гузашта аз Давлатшоҳи Самарқандӣ то Абулқосим Лоҳутӣ, Ҷалол Икромӣ ва Мирзо Турсунзода ба доираи баҳс кашида мешавад. Дар бахши дувум сухан аз нақди шеър, нақди нақд, шеъри муосири тоҷик аз назари ноқидони Эрон, чеҳраҳои саршиноси нақди муосири тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Абдухолиқ Набавӣ ва ба сифати нақди амалӣ ҳунари шоирӣ ва носирии адибони муосири тоҷик Додоҷон Раҷабӣ, Муаззама Аҳмадова ва Абдуфаттоҳ Кулолӣ меравад, ки аз самтҳои гуногуни андешаи муаллиф дар нақди адабӣ дарак медиҳад.

Агар як паҳлуи ҷусторҳои илмии Субҳони Аъзамзодро мақолаҳои назарӣ оид ба масъалаҳои таърихи адабиёт, назарияи адабиёт ва нақди адабӣ ташкил диҳанд, самтҳои дигари он бевосита бо кори амалии нақд алоқаманд ҳастанд, ки аз он ҷумла, нақди насри муосир, нақди шеъри муосир ва нақди нақд мебошад.

Дар нақди насри муосир мунаққид оид ба осори Муҳиддини Хоҷазод, Лутфӣ Саид, Маъруф Бобоҷон, Муаззама, Додоҷон Раҷабӣ, Муҳиб Қурбон изҳори назар намуда, оид ба ин шохаи адабиёт ва рушди он дар Тоҷикистон фикру андешаҳои ҷолиб баён мекунад. Ҳосили ҷусторҳои ӯ дар нақди шеъри имрӯз дар заминаи баррасии ҳунари шоирӣ ва ҳусну қубҳи ашъори Абдусамеъ Қуддус, Абдулфаттоҳ Кулолӣ, Салими Зарафшонфар, Нарзуллои Азизиён, Аъзам Хуҷаста, Абдуқодири Раҳим, Нуралӣ Нурзод, Сурайё Ҳакимова, Бузургмеҳри Баҳодур, Баҳодур Баҳромӣ ва дигарон падид омадааст.

Як бахши муҳими канду ковҳои ӯ ба таҳқиқи осори адабиётшиносон марбут аст, ки дар миёни онҳо чеҳраҳои мунаввари ин соҳаи илм М. Шакурӣ, А. Насриддинов, А. Сайфуллоев, Х. Отахонова, А. Абдуллоев, В. Самад, А. Сатторзода, А. Набавӣ, А. Ҳаким, Н. Салимӣ, С. Абдулло, Н. Файзуллоев, А. Давронов, М. Зайниддинзода, А. Абдуқодиров, А. Самадов ва дигарон қарор доранд. Таълифи китобҳои алоҳида дар бораи фаъолияти илмии мунаққиди фақид ва оташинмиҷоз Валӣ Самад “Пайкараи сӯзони миллат” ва навиштаҳои банда “Фурӯғи нақд” низ аз тинати покиза ва фазилати камёби инсонӣ – шукргузориву намакшиносии ин олими тозаҷӯ шаҳодат медиҳад.

Дар омади сухан он нукта афзуданист, ки дар бисёр масъалаҳои шинохти адабиёт ҳусни тавофуқ бо ин муаллифи ҷӯяндаву пуркор ва некбин моро ба даст омадааст. Ҳосили ҳамназариву ҳамкориҳои беш аз 20-солаи мо китобҳои “Абдураҳим Ҳоҷибоев. Осор ва пайкор”, “Муждаи васл”, “Фаррухрисолат”, “Камол Худжанди в России. Исследования и переводы” ва силсилаи мақолот мебошанд.

Дар миёни корҳои адабпажӯҳии С. Аъзамзод ду кори эшон бояд алоҳида таъкид шавад. Яке аз онҳо пажӯҳиш дар бораи Сайфи Исфарангӣ аст, ки аз оғози қаламкашӣ то имрӯз эшонро гирифтор медорад ва дар канори ин тадқиқоти судманд таҳияи осори ин адиби маъруфи Исфараи бостонӣ анҷом пазируфтааст, ки корест басо сангин ва пурмашаққат.

Дигар аз корҳои шоистае, ки С. Аъзамзод ба сомон расондааст, китоби “Камол дар оинаи пажӯҳиш. Нақди Камоли Хуҷандӣ дар пажӯҳишҳои ғарбиву шарқӣ (Аз оғоз то солҳои шастуми садаи бист” (2020) мебошад. Таҳияи ин китоб имкон додааст, ки шумори зиёди пажӯҳишҳо оид ба зиндагиву осори Камоли Хуҷандӣ ба аҳли таҳқиқ пешниҳод шавад. Ин аст, ки бо талошу эҳтимоми мураттиб муҳимтарин матолиби нақди Камоли Хуҷандӣ дар пажӯҳишҳои ғарбиву шарқӣ аз оғоз то солҳои 60-уми асри бист гирд омадааст. Бо вуҷуди мушкилии дастрасӣ ба бархе пажӯҳишҳои ғарбиву шарқӣ ва дар ихтиёр надоштани баъзе аз сарчашмаҳо дар китоби зери назар мадорики пурбаҳои илмӣ ва матолиби судманди камолшиносӣ ҷамъ оварда шудааст.

Мусаллам аст, ки муҳаббат ба зодгоҳ ба тамоми инсонҳо хос аст ва шинохти ватан маъмулан аз шинохти зодгоҳ маншаъ мегирад. Бинобар ин, ҷои таҳайюр нест, ки С. Аъзамзод бо як меҳри хос дар бораи ҳамшаҳриёни худ – мардуми Исфара, шахсиятҳои маъруф, олимон, ҳунармандон, табибон ва, махсусан, аҳли адаби ин шаҳр маълумот медиҳад. Навиштаҳои ӯро оид ба Исфарашиносӣ ҳам дар матбуоти маҳаллӣ, ҳам дар қомуси «Исфаранома», ҳам дар китобҳои «Сайфи Исфарангӣ», «Пайкараи сӯзони миллат», «Бозомади хуршед» ва ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавон дид. Ҳамин гуна меҳри хосро ӯ нисбат ба шаҳри Конибодом, ки овони кӯдакиву наврасиаш он ҷо сипарӣ шудааст, мепарварад ва дар бораи мардуми ин маҳал низ бо муҳаббат ва дилгармӣ осоре иншо мекунад.

Субҳони Аъзамзод муаллими эҷодкор ва раҳнамову тарбиятгари хуб аст. Дарсҳои ӯ қолабӣ нестанд. Ба донишҷӯён ҳамеша аз навгониҳои адабиёт сухан мегӯяд, бинобар ин ҷавонони илмҷӯ ҳамеша дар атрофи ӯ ҷамъ меоянд ва шавқманди суҳбатҳои борвари ӯ ҳастанд.

Зимнан, муаллими донишгоҳ аз муаллимони дигар бо он тафовут дорад, ки китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ менависад ва пайваста онҳоро такмил медиҳад. Заҳмати ин кор аз заҳмати кори илмӣ камтар нест. Силсилаи раҳнамоҳои таълим ва комплексҳои таълимиву методии С. Аъзамзод дар заминаи фанҳои таърихи адабиёти хориҷӣ, нақди адабии тоҷик (охири садаи нуздаҳ-охири солҳои 20-уми садаи бист), адабиёти муосири тоҷик, матбуот, адабиёт ва нақди адабӣ барои маърифати ин фанҳо барои донишҷӯён василаи беҳтарин аст.

С. Аъзамзод ҳамасола ба чандин нафар донишҷӯён дар таълифи рисолаҳои хатм ва рисолаҳои магистрӣ раҳнамоӣ мекунад. Чанд соли охир заҳмати раҳнамоӣ ба рисолаҳои номзадиро низ ба ӯҳда гирифтааст, ки аввалин маҳсули ин заҳмат ба дифоъ расидани рисолаи илмии шогирдаш Саидхӯҷаева Маликахон оид ба нақди адабӣ дар саҳифаҳои “Раҳбари дониш” мебошад.

Ширкати фаъолонаи Субҳони Аъзамзод дар ҳаёти ҷомеа чашмрас аст. Бо ин ҳама пуркорӣ ӯ як нафари узлатнишине миёни китобҳо нест, шаҳрванди фаъол аст, ки ҳамеша назари худро оид ба масъалаҳои доғи рӯз – забони тоҷикӣ, ҳастии маънавии тоҷикон, халалнопазирии марзу буми кишвар, воқеаҳои Ворух, терроризму экстремизм дар радиову телевизион, дар матбуоти кишвар, дар расонаҳои электронӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ боҷуръат баён мекунад.

Сазовор шудан ба Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм, ҷоизаи “Олими сол”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ифтихорномаву қадршиносиҳои сатҳҳои гуногун аз эътибори ин муҳаққиқи хушҳавсала ва соҳибназару соҳибқалам башорат медиҳад. Дар фароварди як марҳалаи фаъолияти илмиву таълимии Субҳонҷони Аъзамзод бо хулусу иродат умед ба он мебандем, ки идомаи умрашон низ чунин пурбаракату пурбор бошад.

Матлубаи Мирзоюнус,

профессор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *