Пажуҳишгаре аз диёри Фирдавсӣ
Гуфтугӯ бо адабиётшиноси маъруфи тоҷик Абдураҳмон Абдуманнонов дар 75-солагии зодрӯзаш
6-уми апрели имсол Абдураҳмон Абдуманнонов, адабиётшинос, мунаққид ва тарҷумони тоҷик 75-сола шуд. Ӯ зодаи деҳаи Боғистони вилояти Тошканди Ӯзбекистон аст. Шуъбаи забони форсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1963- 1968) ва аспирантураи Институти шарқшиносии Академияи улуми ИҶШС (1968-1972)-ро хатм кардааст. Муаллифи китобу рисолаҳои илмии «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» (ҷ. 1, 1984; дар ҳаммуаллифии Холиқ Мирзозода ва Атахон Сайфуллоев), «Абулқосим Лоҳутӣ» (1987; дар ҳаммуаллифии Хуршеда Отахонова ва Ҳамроқул Шодиқулов), «Нуқтаи назар» (маҷмӯаи мақолаҳо; 1990), «Пиндорҳо ва ингорҳо» (маҷмӯаи мақолаҳо ва шеърҳо; 2006) ва ғайра мебошад. Қариб дусад мақолаву тақризаш дар матбуоти ҷумҳурӣ, нашрияҳои гуногуни Маскав, Алмаато ва Тошканд пиромуни ҷанбаву масъалаҳои мухталифи адабиёти форсии тоҷикӣ интишор ёфтаанд. Барои китоби «Пиндорҳо ва ингорҳо» соли 2007 барандаи Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода шудааст.
— Ин рӯзҳо машғули чи корҳо ҳастед? Оё ҳавсала ва энержӣ ҳаст, ки кори таҳқиқу пажуҳишро идома бидиҳед ё ба далели заъфи пирӣ аз ин корҳо мунсариф шудаед?
— Дигар наметавонам бекор бинишинам. Кор гӯё зиндагии мост. Ҳоло як китобамро омодаи нашр мекунам. Бештар ба таҳрири тарҷумаи адабиёти тоҷик аз тоҷикӣ ба рӯсӣ ва аз тоҷикӣ ба дигар забонҳо машғулам. Матнҳои русиро таҳрир мекунам. Мехоҳам дар бораи аҳли фарҳанг ва илму адаб, бахусус аллома Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Носирҷон Маъсумӣ ва Муҳаммад Осимӣ ёддоштҳоямро бинависам. Хушбахтам, ки бо ин шахсиятҳо суҳбату нишастҳое доштам ва онҳоро аз наздик мешинохтам.
— Шумо асолатан аз ҳамшаҳриҳои Абулқосим Фирдавсӣ будаед. Дуруст аст?
— Бобои падариам Маҳмадризо ва бибии падариам аз Тӯс ҳастанд. Онҳо тақрибан дар нимаи дуввуми қарни 19 ба Бухоро омаданд. Аммо дар пайи кадом муноқишаи мазҳабӣ аз Бухоро фирор карда ва ба маҳаллоти тоҷикнишини Қазоқистони имрӯзӣ рафтанд. Падарам дар деҳаи Боғистон (ҳоло тобеи вилояти Тошканди Ӯзбекистон аст) зода шуда ва мутаваллиди соли 1890 буданд.
— Решаҳои эронии шумо дар замони шӯравӣ оё рӯи фаъолияту зиндагии шумо таъсире дошт?
— Намедонам. Фикр намекунам, ки он вақт эронӣ будани бобои маро медонистанд. Ман ҷое дар ин бора нанавишта будам. Дар тарҷумаи ҳол маъмулан дар бораи падару модар менависанд. Ман бобоямро аслан надидам. Аммо падарам марди боғуруре буд. Узвияти колхозро напазируфт. Бо ҳар баҳона чанд бор зиндонӣ шуд. Шояд ба ин хотир бошад, ки дар замони шӯравӣ ҳеҷ вақт маро нагузоштанд ба хориҷа сафар бикунам. Ҳарчанд донишгоҳро бо дипломи сурх хатм кардам, форсӣ ва русиам бад набуд, вале роҳи ман ба кишварҳои хориҷӣ баста буд.
— Чӣ вақт ниёзи отифӣ пайдо шуд, ки шумо бо ифтихор аз падарбузург ва бобобузургатон ёдовар шавед?
— Аввалин бор дар китоби “Пиндорҳо ва ингорҳо” (2006) аз решаҳоям навиштам, ки аз тарафи шаҷараи падариам аҷдоди мо аз Тӯс аст. Аз шаҷараи модариам аз авлоди Шайх Умари Валӣ, бобокалони Хоҷа Аҳрори Валӣ, падари Шайх Тағо ҳастам. Мақбараашон дар даромадгоҳи деҳаи Боғистон воқеъ аст. Дар бораи бобо ва бибии падариам ҳар чӣ медонам, аз забони модарам шунидаам. Бо падарам дар ин бора суҳбат намекардем. Аслан аз нигоҳ кардан ба чашмашон метарсидем. Марди бисёр ғаюр буданд ва чашмони обии бисёр тез доштанд.
— Баъд аз фурӯпошии шӯравӣ оё имкони дидор аз Тӯс, зодгоҳи аҷдодиатонро доштед?
— Бале, борҳо ба Тӯс сафар кардам. Чанд бор оромгоҳҳои Фирдавсӣ ва Ғаззолиро зиёрат кардам. Ҳар боре, ки ба Эрон рафта бошам, ба зиёрати Тӯс ҳам рафтаам. Вақте ки китоби “Чашмандози шеъри имрӯзи Тоҷикистон”-и Алиасғари Шеърдӯст, сафири пешини Эрон дар Тоҷикистонро ба чоп омода мекардем, сафарҳои зиёде ба Эрон доштам. Дар таҳияи ин китоб бо оқои Шеърдӯст хеле ҳамкорӣ кардем.
— Аз миёни фарзандони шумо касе масири илму адабро интихоб кард?
— Як набераам, Нозанин, духтари писарам, ҳоло дар курси 4-и филиали Донишгоҳи Маскав дар шаҳри Душанбе дар риштаи забон таҳсил мекунад. Худи ман ҳам бештар ба забон майл доштам. Қобилияти забономӯзиам хеле хуб буд. Забонҳои англисӣ ва арабиро медонистам. Зиндаёд устод Наққош ба мо дарс медоданд. Ҳамеша мегуфтанд, ки ту забони арабиро аз арабҳо беҳтар медонӣ. Манзурашон донишҷӯёне буд, ки дар бахши забони арабӣ таҳсил мекарданд. Англисиро ҳам бад намедонистам. Ҳоло дигар фаромӯш шуд, зеро муҳити забонӣ нест.
— 6-уми апрели имсол шумо 75-сола шудед. Омодагиҳо ба ҷашн чӣ тавр буд?
— Ман аслан ҳавасу ҳавсалаи баргузор кардани ҷашнро надорам. Аз дӯстон шунидам, ки Камол Насрулло, дӯст ва бародари ман ният карда, то маҷмуае аз мақолаҳоро дар бораи шахсияти адабию корҳои илмии ман гирд оварад ва чоп кунад. Баъд гуфтанд, ки китоби худи ман ҳам дар нақшаи чопи нашриёт будааст. Ҳоло рӯи ин китоб кор мекунам. Масъулияти таҳия ва чопи китобе, ки дӯстону шогирдон менависанд, бар уҳдаи Камол Насрулло аст.
— 16-уми феврали имсол дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 100-умин солгарди таваллуди Жолаи Исфаҳонӣ, шоири эронӣ маҳфиле баргузор шуд. Дар он Рустами Ваҳҳоб, Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон, Абдулҳамиди Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, профессор Абдунабӣ Сатторзода ва шумо дар бораи ҷойгоҳи Жолаи Исфаҳонӣ дар адабиёти муосири тоҷик ва вежагиҳои осор ва шахсияти ӯ суҳбат кардед. Ба назари шумо, ангезаи аслии ишқу муҳаббат ва алоқаи зиёди Жола ба адабиёти форсии тоҷикӣ ва фарҳангу мардуми тоҷик чӣ буд?
-Жола Тоҷикистонро Ватани дуввуми худ медонист. Ӯ зодаи Исфаҳони Эрон аст, яъне аз форсҳои асили ин кишвар. Баъдан, Исфаҳон мисли шаҳрҳои Шерозу Язд маҳали сукунати тоҷикон аст, яъне форсҳое, ки таърихан худашонро тоҷик медонанд. Дар Язду Шерозу Исфаҳон аз қадим маҳаллаҳои тоҷикнишин буда ва ҳоло ҳам ҳаст. Намедонам, шояд Жола ба онҳо нисбате надошта бошад. Лекин асоси меҳру муҳаббати Жола ба Тоҷикистон ва мардуми тоҷик забон, фарҳанг ва адабиёти муштараки мо бо эрониҳост.
Ба эътиқоди ман, шахсиятҳое мисли устод Мирзо Турсунзода, ки як инсони шариф ва дӯстдоштанӣ буданд, дар ин кор нақши бузург доштанд. Жола ҳам ба устод Турсунзода эҳтироми зиёд дошт. Солҳое, ки Жола ба Тоҷикистон меомад, сутунҳои адабиёти мо, устодоне монанди Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар дар Тоҷикистон буданд. Онҳо адабиёти классикии форсу тоҷикро хуб медонистанд ва аз адабиёти имрӯзаи Эрон ҳам то ҷое огоҳӣ доштанд. Ба андешаи ман, ин ҷо як андоза таъсири устод Лоҳутӣ ҳам ҳаст. Баъд аз он ки Жола аз Боку ба Маскав, ба аспирантураи донишгоҳи Ломоносов рафт, шояд устод Лоҳутӣ ҳам ба Жола барои сафар ба Тоҷикистон машваратҳое дода бошанд.
— Аз дӯстию ҳамкорӣ бо Жолаи Исфаҳонӣ чӣ хотираҳои шахсӣ доред?
— Оҳ, нагӯед! Дирӯз (15-уми феврал,- С. З.) ба ман гуфтанд, ки дар Иттифоқи нависандагон ҷашни 100-солагии Жола баргузор мегардад. Ман худамро андаке бохтам.
Сад сол! Гӯё дирӯз буд, Жоларо медидам, ҳамсуҳбат мешудам ва ба хонааш мерафтам.
Аслан сабаби ошноии мо роҳбари кори илмии ман Вера Борисовна Кляшторина дар Маскав буд. Он кас рӯзе гуфтанд, ки бо Жола бояд суҳбат бикунӣ ва аз ӯ маслиҳат бипурсӣ. Чунки мавзуи рисолаҳои номзадии ману Жола Маликушшуаро Баҳор буд. Жола зиндагӣ ва осори Маликушшуаро Баҳорро таҳқиқ кард ва рисола навишт. Мавзуи кори илмии ман «Маликушшуаро Баҳор ва анъанаи қасидасароӣ дар адабиёти форсӣ» аст ва рисолаи номзадии худро соли 1973 дифоъ карда будам.
Шавҳари Жола, устод Бадеъ дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои шӯравӣ, ки ба номи “Институти Ғафуров” шуҳрат дошт, ҳамкори мо буданд. Эшон дар шуъбаи таърихи Шарқи Наздики ин пажуҳишгоҳ кор мекарданд.
Дар муддати се соле, ки дар Маскав будам, ҳар сол дар Наврӯз ҳатман ба хонаи устод Бадеъ мерафтем. Маъмулан дар остонаи Наврӯз Жола пайғом медод, ки фалон рӯз ба хонаи мо биёед. Гоҳе вақтҳо Вера Борисовна Кляшторина маро ҳамроҳӣ мекард, аммо бештари вақт худам танҳо ба хонаи Жола мерафтам.
Боре дар як суҳбат гуфтанд, ки агар гузорат ба Тошканд афтад, ҳатман Шоҳислом Шоҳмуҳаммадовро бубин. Мавзуи рисолаи доктории ӯ “Маликушшуаро Баҳор ва мақоми Баҳор дар адабиёти муосири Эрон” буд. Бо маслиҳати хонум Жола бо Шоҳислом Шоҳмуҳаммадов дидор кардам. Ӯ марди донишманде буд ва барои адабиёти мо хеле хидмат кард.
— Шумо яке аз суханронони маҳфили садумин солгарди таваллуди Жола дар Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон будед. Аз вежагиҳои шеъри ӯ гуфтед…
— Жола аслан шоире буд, ки ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносии хеле пурвусъат дошт. Ва соҳибилм буд. Ҳарчанд мегуфтанд, ки падари Жола шахси андаке мутаассиб буда ва намехоста духтараш таҳсил бикунад, аммо бо исрори модараш Жола дар коллеҷи инглисӣ дар шаҳри Исфаҳон таҳсил кард. Баъди хатми ин коллеҷ ба Теҳрон омад. Дар Теҳрон ҳам забони инглисӣ хонд. Аз адабиёти форсу тоҷик ва адабиёти Ғарб огоҳии комил дошт.
Шаб дар хона маҷмуаи аввали Жоларо пайдо накардам, аммо навиштаҳо ва ёддоштҳоямро ёфтам. Ҳатто замоне, ки духтари тақрибан 18-19-сола буда, шеърҳои сиёсӣ мегуфта.
Фикре ба ҳоли хеш кун,
Эй қавми ранҷбар.
К-он кас ки пушти миз нишаста
Ситамгар аст.
Ин гуна мазмунҳои сиёсӣ баёнгари бедории шуур ва афкори иҷтимоии Жола буд. Дар айни замон, дар он айём шеърҳои тасвирии олиҷанобе ҳам навишта. Ба ин байт таваҷҷуҳ кунед:
Барф борид ё фариштаи сулҳ
Боли симин ба рӯи боғ кашид.
Маънӣ сиёсӣ аст, лекин ҷанбаи тасвирӣ ҳам хеле баланд аст. Жола дар шеъри суннатӣ дасти қавӣ дошт. Ва шеъри наваш ҳам хуб аст.
Ӯ аз насли Нодирпур андаке бузургтар буд. Жола мутаваллиди соли 1922 аст, аммо Нодирпур, Фурӯғ, Ахавон ва Соя дар авохири даҳаи 1920 таваллуд шудаанд. Жола аз назари замон аз ин шоирон муқаддамтар буд.
— Ёдаш ба хайр!
Суҳбатнигор: Суҳроби ЗИЁ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ