“Печутоби тақдир”-и Абдулҳамид Самад

«Печутоби тақдир» (“Зигзаги судьбы”) китоби нави Нависандаи халқии Тоҷикистон,  дорандаи Ҷоизаи  давлатии ба номи А.Рӯдакӣ  Абдулҳамид Самад аст, ки бо забони русӣ аз чоп баромад ва дар Донишгоҳи славянии Руссияву Тоҷикистон рӯнамоӣ карда шуд.

Дар  маҳфил ректори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон  Нуралӣ Солеҳов, проффесорон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур иштирок намуда, андешаҳояшонро оид ба ин китоб баён намуданд.

Абдулҳамид Самад  дар суҳбат зикр кард, ки китобро Маркази тарҷумаи иттифоқи нависандаҳои Тоҷикистон  тарҷума ва ба чоп омода намуд.  Дар китоби мазкур  тарҷумаи повесту ҳикояҳои солҳои гуногун ҷамъоварӣ шудаанд. Моҳияти китоб ҳаёти инсон,  печутобҳои тақдир,  пастиву баландиҳои зиндагиро фаро гирифтааст.

Зимни суҳбат дотсенти кафедраи адабиёти ҷаҳони Донишгоҳи славянии Россияву  Тоҷикистон Азимҷон Аминов  зикр намуд, ки «эҷодиёти Абдулҳамид Самад  бисёрҷамба буда, хусусиятҳои хоси худро дорад. Ӯ хислатҳоеро, ки дар ҳаёт мушоҳида кардааст,   дар образи қаҳрамонҳояш инъикос карда, ҳамчунин кӯшиш мекунад, ки онҳоро такмил диҳад.   Эҷодиёти ӯ бисёр ғанист, ки ин кори тарҷумонҳоро як андоза душвор мекунад. Яке аз хусусиятҳои хоси эҷодиёти А. Самад он аст, ки ӯ дар чанд саҳифа метавонад хислати қаҳрамони  нотакрорро  офарад.    Қаҳрамонҳои ӯ аз ҳаёти воқеӣ гирифта шудаанд, аз ин рӯ хонанда  вақти мутолиаи асарҳо онҳоро ба осонӣ  қабул мекунад».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *