Пенс ва Помпео ба Анқара мераванд

Муовини президенти ИМА Майк Пенс ва котиби давлатии ин кишвар Майк Помпео имрӯз ба Туркия омада, ба Анқара фишор меоранд, то амалиёти низомиро дар шимоли Сурия зидди гуруҳҳои курд қатъ кунад.

Дар ин бора президенти ИМА Доналд Трамп 15 октябр хабар дод. Трамп гуфт, ИМА ба қатъи оташкушоиҳо исрор варзида, Туркияро аз таҳримҳои сахте ҳушдор медиҳад, ки тасаввурнокарданиянд.

Дар изҳороти Кохи сафед омадааст, ки қарор аст, Майк Пенс бо президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Анқара дидору гуфтугӯ кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *