“Переоформление” телефонҳо низ 250 сомонӣ мешавад

СМС-и ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба муштариён тасдиқ кард, ки натанҳо нархи симкорт, балки хадамоти аз як ном ба номи дигар гузарондани симкортҳо низ 250 сомонӣ хоҳад шуд.

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон бо ирсоли як СМС муштариёни худро огоҳ карданд, ки аз 1-уми сентябр арзиши «переоформление» ё ба номи каси дигар гузарондани симкортҳои «зиёдатӣ»-ашон 250 сомонӣ хоҳад шуд. Чунин огоҳӣ рӯзи 19-уми август асосан ба онҳое дастрас шуд, ки беш аз ду симкорт доранд ва баъзеи ин симкортҳо дар истифодаи каси дигар аст.Ширкатҳои мобилӣ бо ин СМС аз як тараф муштариёнро барои халосӣ аз симкортҳои «зиёдатӣ» огоҳ карда, аз тарафи дигар хабари 250 сомонӣ шудани нархи симкортҳоро тасдиқ намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *