Пешгӯии обу ҳаво: Боз борону жола
Дар ҳафтаи ҷорӣ ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон то 15 дараҷа поин рафта ва борандагии шадиду жола дар назар аст.
Дар ҳафтаи ҷорӣ ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон то 15 дараҷа поин рафта ва борандагии шадиду жола дар назар аст.
Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, шурӯъ аз пагоҳ, 23 май то 25 май дар ҳудуди Тоҷикистон ҳаво тағйир ёфта, борони сахту жола меборад ва раъду барқ мешавад.
Масалан, дар назар аст, ҳарорати ҳаво дар рӯзи 23 май аз 30 дараҷаи феълӣ то 20 дараҷа поин рафта ва дар рӯзи 24 май ба 18 дараҷа расад.
Ҳамасола дар Тоҷикистон дар фасли баҳор борандагиҳои зиёд ва омадани сел рух медиҳад. Дар кишвар, ки аксари аҳолӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ ҷойгиранд, дар пайи офатҳои табиӣ талафоти ҷониву молӣ мебинанд.
Рӯзи 27-уми апрели имсол дар деҳаи Шерободи ҷамоати Гулистони шаҳри Ваҳдат лағзиши кӯҳпора ба мушоҳида расид. Ин офати табиӣ 200 метр паҳнӣ ва як километр дарозӣ, кӯҳпора ҳар рӯз тақрибан 3-4 метр ба поин рафтааст.
Дар чаҳор моҳи ахир дар Тоҷикистон бар асари борандагӣ ва ҷорӣ шудани сел 15 нафар ҷонҳои худро аз даст доданд.
Дар вилояти Суғд 3 ҷамоат зери об монда, хонаҳои сокинон, заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ зарар диданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ