Пешгирии воридоти ғайриқонунии молҳо аз ҷониби гумрукчиён
Гумрукчиёни тоҷик дар маҳаллаи Чорбоғ аз воридоти ғайриқонунии молҳои мавриди ниёзи мардум пешгирӣ карданд. Дар ин хусус аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Гуфта мешавад, ки ҳангоми азназаргузаронии бордони мошини «Мерседес –Спринтер», ки онро шаҳрванди 27-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон М. О. идора мекард, 2,6 ҳазор килограмм либосҳои занона, ду қуттӣ маводи дорувории «INDICATION №20», «Montalin №10», «Minoxidil №6», ки ба стандарт мутобиқат намекунанд, дарёфт ва мусодира гардиданд.
Ҳангоми санҷиш муайян гардид, ки маводи доруворӣ ба шаҳрванди 26-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. А. тааллуқ дошта, номбурда онро аз Айдан ном шахс, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон ном бурда мешавад, харида, ба ҷумҳурӣ бидуни ҳуҷҷатҳои воридотии гумрукӣ интиқол додааст.
Нисбат ба шаҳрванд Ҷ. А. парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, барои баррасӣ ба мақомоти судӣ ирсол карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ