Пешгирии сироятҳо бо доруҳои зиддизамбурӯғӣ
Мушкилии устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъалаҳои афзалиятноки ҳам соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва ҳам соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад.
Бо ин мақсад дирӯз дар бинои Душанбе-Плаза миёни хабарнигорон, намояндагони ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва кормандони соҳаи тандурустии кишвар нишаст баргузор гашт.
Давлатзода Саид, муовини аввали сардори хадамоти назорати давлати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳоли ҶТ дар суҳбат ба хабарнигорон иброз дошт, ки мақсад аз баргузории ҳафтаи доруҳои зиддимикробӣ фаҳмонидани тарзи дурусти истифодаи ин намуди маводи доругӣ мебошад.
Ҳамчунин, номбурда афзуд, ки аз 16 ноябр то 16 декабр ҳафтаи дорҳои зиддимикробӣ эълон шудааст. Дар ин муддат гурӯҳҳои тарғиботӣ-ташвиқоти ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафарбар карда шуданд, ки онҳо бо шаҳрвандон вохӯрӣ намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Парвина Мухторова, директори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар идома қайд кард, ки бояд аҳолӣ донанд, ки пеш аз ҳама роҳҳои пешгир аз ворид шудани микроб ба организм ба воситаи дастони ношӯста ворид мешавад. Моро лозим аст, ки барои фаҳмонидани роҳҳои одитарини пешгирӣ аз ин ҳолатҳо истифода бурд.
Дар маркази таваҷҷуҳи Минтақаи аврупоии СУТ барои WAAW соли 2018 -соли пешгирӣ ва мубориза бар зидди сироятҳо буда, зери шиори “Пешгирӣ намудани ҳама гуна сироятҳо”ин маънои наҷот ёфтан аз табобат бо зиддизамбурӯғҳо дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 29 ноябри соли 2018 бахшида ба Ҳафтаи умимиҷаҳонии дуруст истифода намудани маводи доругии зиддизамбурӯғӣ чорабиниҳои гуногун идома меёбанд.
Маҳинаи Давлат
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ