Пешгуии Расулзода рост баромад, “Зарафшон” аз кор монд
Корхонаи тилои «Зарафшон” — бузургтарин корхонаи тилои Тоҷикистон, ки аз моҳи сентябр ба ин тараф фаъолияташ хеле коҳиш ёфта буд, аз 7 январ пурра аз кор мондааст.
Беш аз 2000 коргари ин корхонаи муштараки Тоҷикистону Чинро ба рухсатӣ ҷавоб додаанд.
Як манбаи мӯътамад дар ҳукумати шаҳри Панҷакнт низ тасдиқ кардааст, ки корхонаи муштараки «Зарафшон» 3 рӯз боз аз фаъолият мондааст ва аз ин хотир ҳама кормандонаш ба рухсатии бемӯҳлат фиристода шудаанд.
Аммо масъулони худи корхона мегӯянд, ки он аз кор намондааст, балки дар дасти тармим қарор дорад.
Муҷаввизи ин корхонаи воқеъ дар Панҷакент барои истихроҷи канданиҳои фоиданок ҳанӯз моҳи сентябр ба анҷом расида буд. Корхонаи муштараки «Зарафшон» калонтарин корхонаи коркарди метали рақами 1 дар кишвар буда, дар он зиёда аз 2100 нафар кор мекарданд. Аз кор мондани корхонаи «Зарафшон” ба маъноест, ки беш аз 2000 хонавода дар водии Зарафшон аз як манбаи муҳими таъмини зиндагиашон маҳрум мешаванд.
Корхонаи муштараки «Зарафшон» яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини буҷети ҳам шаҳри Панҷакент, ҳам вилояти Суғд ва ҳам мамлкат ба шумор мерафт ва исти фаъолияташ ба пур кардани буҷет ва ҳамин тавр, ба нишондиҳандаи асосии иқтисодии ҳам Панҷакент ва ҳам кишвар таъсир мерасонад. Ин корхонаи азим зиёда аз 92%-и истеҳсолоти маҳсулоти саноатии шаҳри Панҷакентро тавлид мекард.
75 фоизи саҳмияҳои корхонаи муштараки тиллои «Зарафшон» ба ширкати «ЗиҶин»-и давлати Хитой ва 25 фоизи боқимондааш ба Тоҷикистон тааллуқ дорад. Чунин саҳми бузурги ҷониби Чин дар ин корхона борҳо дар матбуот мавриди танқид қарор гирифта буд.
Чанд моҳ инҷониб гуфтушунид миёни ҳукумати Тоҷикистон ва саҳмдорони ширкати «ЗиҶин» бар сари таносуби саҳмияҳои ин корхона идома дорад. Бархе масъалаи тамдид нашудани муҷаввизи корхона барои идомаи истихроҷи маъдани тилоро низ ба ҳамин музокираҳо бастагӣ медиҳанд.
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, чанд сол қабл, вақте ҳанӯз раиси вилояти Суғд буд, дар як ҷаласа дар шаҳри Панҷакент хитоб ба роҳбарони шаҳр гуфта буд, ки шумо фақат ба корхонаи муштараки «Зарафшон» умед набандед, тасаввур кунед, ки як рӯз ин корхона аз фаъолият монад, пас чӣ кор мекунед?
Инак бо гузашти чанд сол ин пешбинии Қоҳир Расулзода ҷомаи воқеият ба бар кард… Ва он ҳам дар ҳоле ки корхонаи «Зарафшон” то имрӯз ягон корхонаи бузурги саноатӣ дар Панҷакент боқӣ монда, дар тӯли ин солҳо дигар ягон корхонае дар Панҷакент сохта нашуд, ки бо корхонаи «Зарафшон» қобили муқоиса бошад ва ҷои онро пур кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ