Пешниҳод: 153 шумораи “Бухорои шариф” бо кирилӣ чоп шавад!

Тамоми шумораҳои рӯзномаи аввалини тоҷикӣ — “Бухорои шариф”-ро ба хати имрӯзаи тоҷикӣ (ва ҳам ба хати асл — форсӣ) чоп кардан зарур аст, зеро ҳам донишмандони гузашта ва ҳам имрӯза онро на танҳо нахонда, ҳатто баъзеашон надида, дар борааш ҳарфу хулоса баён кардаанд ва мекунанд.

Аз ҷумла, дар вақташ Брагинскийи машҳур аввал онро “як рӯзномаи туркии иртиҷоӣ” номида, баъд аз он ки фаҳмид, тоҷикӣ будааст, боз нахонда «нашрияи пантуркистӣ» номида буд. Яке аз муҳаққиқони имрӯзаи тоҷик бошад, онро бе ҳеҷ далел “тоҷикпарастона” номидааст, ки ин ҳам хулосаи нодуруст ва зарарнок аст. Дар як шумораи ба муносибати 100-солагии “Бухорои шариф” чопкардаи “Ҷумҳурият” дар баромадҳои се олими намоёни тоҷик номи яке аз мақолаҳои рӯзнома ба сабаби дуруст нахондану шинос нашудан ба муҳтавои он ба се шакл зикр шудааст.

“Бухорои шариф” танҳо як сол 153 шумора дар ҳаҷми хурд чоп шуда буд, бинобар ин, чопи он хароҷоти зиёд наметалабад. Баргардони тоҷикии рӯзнома аллакай ҳаст: ба фикрам, онро як шоири намоёни тоҷик (Исфандиёри Назар,- ред.) бо сифати хеле хуб анҷом додааст. Бигзор бо қарори идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ як комиссия аз донандагони соҳа тартиб дода, аз ҳисоби давлат ин ёдгории нодири миллат бо хати имрӯзаи тоҷикӣ ва агар имкон бошад, бо хати аслии форсӣ низ дар шакли маҷмӯа чоп карда шавад. Аз ин дида кори хайре нест. Касе ё идорае ин корро кунад, номаш дар таърихи халқи тоҷик ба некӣ боқӣ хоҳад монд…

Муҳаммадшариф РУСТАМЗОДА,

журналист ва муҳаққиқ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *