Пешниҳод ба Ҳукумат: Хадамоти муҳоҷират ба тобеияти ВКД гузарад

Имрӯз муҳоҷирони тоҷикро муҳаррики иқтисоди кишвар унвон мекунанд. Интиқоли маблағи онҳо дар  соли ҷорӣ наздик ба 3 миллиард доллар расидааст.

Дар ин бора дирӯз, 24 декабр зимни нишасти матбуотӣ  Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин- Фролов изҳор намуд. Аммо то кадом андоза  ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ки сиёсати муҳоҷиратро пеш мебаранд, дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирон, ҳифзи ҳуқуқи онҳо дар қаламрави Русия расидагӣ мекунанд?

Чаро масъулин дастури Президентро иҷро намекунанд?

Таҳлилгарон ва онҳое, ки масоили муҳоҷиратро пайгирӣ мекунанд, мегӯянд, Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон баъди ба сохтори Вазорати меҳнати кишвар ворид шудан фаъолияташ камранг шуд. Анвар Бобоев, коршиноси масоили муҳоҷират ва собиқ сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон инро ҳангоми мусоҳиба бо “Тоҷикистон”низ таъкид карда буд.

Ӯ мегӯяд, ки имрӯз дар Тоҷикистон ниҳодҳои зиёде мавҷуданд, аммо ниёзҳо ва манфиати муҳоҷиронро бароварда наметавонанд. “Дар 10 соли охир маблағгузории муҳоҷирон ба Тоҷикистон зиёда аз 22 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ягон институти молиявӣ ва вазорати Тоҷикистон чунин маблағгузорӣ карда наметавонанд. Пас, муҳоҷирони меҳнатӣ наход сазовори як ниҳоди алоҳида набошанд, то сиёсати муҳоҷирон ва сиёсати Ҳукуматро  пеш барад?  

Дар ҳар сафар Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Русия бо роҳбарони ҷамъиятҳо ва намояндагони муҳоҷирон дидору гуфтугӯ мекунанд. Ба масъулини дахлдори Тоҷикистон дастур медиҳанд, ки мушкилоти муҳоҷиронро ҳал кунанд. Аммо вазоратҳои дахлдор аз пайи ҳалли масъала намешаванд. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи сохторҳои  дахлдор, аз ҷумла Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, вобаста ба беҳбуди фаъолияти  муҳоҷирон пешниҳодҳо ироа намегарданд”,-мегӯяд номбурда.

Хадамоти муҳоҷират: Давраи тиллоӣ гузашт

Аз рӯи маълумоти оморӣ, ҳоло дар  Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, ки он  зерсохтори Вазорати меҳнат  аст, беш аз 300 нафар фаъолият доранд. Аммо коршиносон нақши ин сохторро дар ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон ночиз арзёбӣ мекунанд. Вазорати мазкур ба фаъолияти муҳоҷирон ва беҳбуди кори онҳо то андозаи зарурӣ муваффақ нашудааст.

Хадамоти муҳоҷират аз соли 2011 то 2013 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд. Ба андешаи Анвар Бобоев, замони роҳбарии Сафиало Азизуллозода дар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон,  ҳамкорӣ бо сохторҳои муҳоҷирати Русия, Қатар, Кореи Ҷанубӣ, Беларус хеле муассир буд. Азизуллозода тамоми намояндагони сохторҳои марбут ба муҳоҷирати давлатҳои хориҷро ба Душанбе даъват карда, гуфтушунид мегузаронд ва онҳоро ба ҳамкории судманд моил мекард.

Махсусан, бо Константин Ромадоновский, ки сардори Хадамоти муҳоҷирати Русия буд, бисёр муносибати дӯстона дошт. Якҷо бо  ӯ бештари масоили марбут ба муҳоҷирони кишварро ҳал мекарданд. Мутаассифона, баъд аз моҳи ноябри соли 2013 шомил шудани Хадамоти муҳоҷират ба вазорати мазкур то инҷониб  ягон созишнома доир ба масъалаи муҳоҷирон ба имзо нарасидааст.

Генарал-майор Сафиало Азизуллозода, ки ҳоло сардори   РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт аст, ин гуфтаҳоро рад накард. “Шартномаҳо бо давлатҳои Қатар ва Кореяи Чанубӣ маҳз дар давраи мо сурат гирифт. Аввалин шуда, байни кишварҳои ИДМ бо Беларус созишнома баста будем. Ҳамагӣ давоми  3 моҳ ҳуҷҷатҳоро омода сохтем. Дар сафари расмии Президенти Беларус ба Тоҷикистон,  ки соли 2011 сурат гирифт, мо бо вазири корҳои хориҷии Беларус созишномаро  ба имзо расонидем.

Барои муҳоҷирон ба  Кореяи Ҷанубӣ роҳ кушодем. Чӣ гуна? Дӯстони наздики кореягиро ба Тоҷикистон даъват кардем, гуфтугузор доштем ва ба мувофиқа расидем. Ҳоло яке аз онҳо  ёвари Президенти Кореяи Ҷанубӣ  аст. Агар, кор дар чунин маҷро идома меёфт, шояд  роҳи муҳоҷирон  ба Кореяи Ҷанубӣ боз мешуд. Бо Арабистони Саудӣ низ ҳамин гуна муносибат доштем”. Баъд аз шомил гардонидани Хадамоти муҳоҷират  ба Вазорати меҳнат ин ҳама иқдомҳо барбод рафтанд.

Дарахт дар якҷо месабзад

Анвар Бобоев дар идомаи суҳбат мегӯяд, ки ҳоло Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон  ба як сохтори хомӯш табдил ёфтааст ва ҳеҷ тасмиме гирифта наметавонад. Русия дар ин маврид фикр мекунад, ки Тоҷикистон хоҳони тақвияти ҳамкорӣ дар масъалаи муҳоҷират нест.

Ба таъкиди Бобоев, ду лоиҳаи қонун, як лоиҳа дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар дар бораи агентиҳои шуғл, ки ҳар ду дар соли 2013 ба миён баромада буд, иҷро нашуданд. Ҳол он ки дар байни вазорату идораҳои дахлдор мавриди баррасиву омӯзиш қарор гирифта буд. Дар давоми 5 сол ин лоиҳаи қонун ҳам қабул нашуд.  Ҳарчанд ин ду қонун барои мо мисли обу ҳаво лозим аст.  

Масъалаҳои зиёде дар фаъолияти муҳоҷирон мавҷуд аст, ки роҳи ҳал мехоҳад. Аммо бе қонун чӣ гуна метавон онро бартараф кард? Қонуне бошад, ки механизми ҳамкориро бо идораҳои дахлдор ба танзим дарорад. Ҳар як масъала дар ҳамбастагӣ ва сарҷамъӣ  ҳалли худро пайдо менамояд. Чаро тақдири 1 миллион муҳоҷири тоҷикро мо фикр намекунем? Агар мо худ сари ин андеша накунем, кӣ аз пайи он мешавад? Таҳлилгарону соҳибназарон ва онҳое, ки солҳои зиёд дар сохтори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон фаъолият доштанд, пешниҳод мекунанд, ки ин сохтор дубора ба асли хеш баргардад.

Зеро Хадамоти муҳоҷирати Русия зерсохтори Вазорати корҳои дохилӣ аст. Замоне Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҳам дар сохтори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буд. Зеро ҳамкории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо Вазорати корҳои дохилии Русия бисёр дар сатҳи хуб қарор дорад. Албатта, ин ба фаъолияти меҳнатии муҳоҷирон низ таъсири мусбӣ мерасонад.

Вақте ки Хадамоти муҳоҷират дар сохтори ВКД буд, фаъолияташ мунтазам ва бобарор пеш мерафт.  Масали “дарахт дар як ҷо месабзад” низ беҳуда нест… То кай мо бо муҳоҷирон эксперимент мегузаронем?

Усмон Раҳимзода,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *