Пешниҳод ба раиси Бохтар: Кохи фарҳанг ба номи Абдуллозода гузошта шавад

Рӯзномаи “Хатлон” ба раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода пешниҳоди қадрдонии ҳунарманди машҳур Аловуддин Абдуллозодаро кардааст.

— Бо дарназардошти хизмати бузурги Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллозода дар рушди фарҳангу санъати тоҷик, пешниҳод менамоем, ки Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ба номи Аловуддин Абдуллозода гузошта шавад. Мутмаинем, ки шаҳрдори Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ин пешниҳоди идораи рӯзномаи «Хатлон»-ро ба баррасӣ хоҳанд гирифт,- омадааст дар пешниҳод.

Ёдовар мешавем, ки Аловуддин Абдуллозода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори хушном рӯзи 17-уми феврал бар асари сактаи қалб аз дунё гузашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *