Пешниҳод: Ба Шавкат Мирзиёев унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад!

Сокини ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл)-и вилояти Хатлон, шолипарвар Ҳоҷӣ Муҳаммадисо пешниҳод кардааст, ки ба президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад.

Ҳоҷӣ Муҳаммадисои 70-сола бар ин назар аст, ки барои сарвари давлати Ӯзбекистон ин мукофоти арзанда аст.

“Баъди сари мансаб омадани Шавкат Мирзиёев муносибатҳо байни давлатҳо куллан тағйир ёфтанд. Сиёсати беҳбуди муносибатҳо бо Тоҷикистон, ки сарвари давлати Ӯзбекистон пеш гирифт, дарҳол аз ҷониби мардуми ҳар ду кишвар дастгирӣ ёфт. Дар ҳамдастӣ бо Эмомалӣ Раҳмон ӯ ҳамаи мушкилоти солҳои тӯлонӣ ҷойдоштаро дар муносибатҳои ҳар ду кишвар ҳал кард”, — гуфт ӯ ба “Азия-Плюс”.
Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, кумаки ҳозира ҳам, ки Ӯзбекистон ба Тоҷикистон расонида истодааст, бояд ба инобат гирифта шавад.
“Дар масъалаи кумак ба Тоҷикистон дар мубориза бо COVID-19 имрӯз Ӯзбекистон пешсаф аст. Тошканд аллакай се маротиба ба Душанбе кумак ирсол кард. Табибони вирусшиноси ин кишвар ба ҷумҳурӣ сафарбар шуданд. Дармонгоҳи сайёр низ ба Душанбе фиристода шуд”, — иброз дошт Ҳоҷӣ Муҳаммадисо.
Моҳи августи соли 2018 зимни сафари давлатӣ ба Тошканд сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ордени «Эл юрт ҳурмати» – ордени “Эътироф ва ҳурмати умумихалқӣ” сарфароз гардонида шуд.
“Мо, тоҷикон набояд назди бародарони ӯзбеки худ қарздор бимонем – Шавкат Мирзиёевро бо унвони олии кишварамон қадрдонӣ кардан лозим аст”, — чунин мешуморад ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *