Пешниҳод: Маркази минтақавии муомилот бо партовҳо таъсис дода шавад

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки дар доираи фаъолияти Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор (КБРУ) дар шаҳри Душанбе Маркази минтақавии муомилот бо партовҳо таъсис дода шавад.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили Маркази минтақавии идоракунии партовҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе ба хотири рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ҷиҳати коҳиш додани таъсири манфии партовҳо ба муҳити зист, саломатии аҳолӣ ва ташкили шароити зарурӣ барои танзими идоракунии партовҳо, баланд бардоштани муомилоти иқтисодӣ ҳамчун ашёи хоми такрористеҳсолкунӣ бо дастгирии вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, донорҳои маблағгузор ва ҷалб намудани онҳо мебошад.

— Ҳадафи асосии ташкили ин Маркази минтақавӣ коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити зист ва саломатии инсон, ҳамкории муштарак ба нафъи тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи идоракунии партовҳои муосир, гузариш ба иқтисоди сабз, манфиатҳои иқтисодии корхонаҳо, ташкилотҳо, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, пешгирӣ кардани ифлосшавии муҳити зист, кам кардани ҳосилшавии партовҳо, барои истеҳсоли молҳои рӯзгор ҳамчун ашёи хом истифода бурдани партовҳо мебошад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *