Пешниҳод: Озодапаланг — самбули Хоруғ

Агар ба нақшаи (харитаи) шаҳри Хоруғ аз кайҳон (тавассути Google Earth) бингарем, шаҳри зебои мо палангеро мемонад, ки бо ғурур ва виқор бо сар ва думи боло истод шудааст. Дар ин ҷо барои шарҳи бештар дигар зарурате нест! Гӯё бо ҳамин ин макон самбули худро худ пайдо кардааст.

Ман даъват мекунам, ки символи шаҳри мо ОЗОДАПАЛАНГ (Snow Leopard, Снежный барс) интихоб шавад! Озодапаланг дар ҷаҳон ҳамчун рамзи қуллаҳои барфпӯш, рамзи офтоб, «шоҳи ҳайвоноти баландкуҳ», «хушрӯйтарин ҳайвони куҳистон», «ҷонвари поктинат», «руҳи куҳсор», «чӯпони бузҳои куҳӣ», «сафири байни замину осмон» шинохта шудааст. Ин танҳо ҷонварест, ки дар иртифоҳи аз 1500 метр то 6500 метр аз сатҳи баҳр зиндагӣ мекунад. Озодапаланг яке аз ҷонварони нодиртарини ҷаҳон ва Тоҷикистон аст. Бино ба маълумоти олимони тоҷик, дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамагӣ 250‐280 озодапаланг боқӣ мондаанд, ки тибқи ҳисоби табиатшиносон, 70% қаламрави зисти озодапаланг дар Тоҷикистонро ВМБК ташкил мекунад. Дар куҳҳои Помир ин ҳайвони нодир дар дараҳо ва куҳҳои Дарвоз, Ванҷ, Язгулом, Рӯшон, Шохдара, Пшарт, Музкӯл, Аличур, Вахон ва албатта дар худи шаҳри Хоруғ вомехӯрад.

Қ. АЛАМШОЕВ, шаҳри Хоруғ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *