Пешниҳоди ҷасуронаи Муҳаммад ба UFC

Тавре медонем, 17 феврали 2024 дар UFC 298 муҳорибаи унвонӣ дар вазни нимсабук миёни Алекс Волконовский ва Илия Топурия доир мегардад. Ба ин хотир, аввали нишасти матбуотии онҳо пеш аз мусобиқаи UFC 296, ки рӯзи 17-уми декабр шуда гузашт, баргузор гардид.

Пас аз тамошои нишасти матбуотӣ, варзишгари тоҷик Муҳаммад Наимов, ки дар ташкилоти UFC дар ҳамин вазн меҷангад, порае аз онро дар саҳифааш гузошта, чунин навиштааст:

— UFC, ман омодаам, ки барои ин муҳориба ҷанговари эҳтиётӣ шавам.

Аслан, ба чунин эълон кардан на ҳар варзишгар ҷуръат дорад, зеро ба набарди як чемпион ва як размкори пуртаҷриба ва довталаби камарбанд худро омода мекунӣ. Вале аз ҷониби дигар, фаҳмидан мумкин аст, ки Муҳаммад Наимов худро пурра нишон доданист ва новобаста аз он ки ду муҳориба гузаронидааст, талоши зиёд дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *