Пешниҳоди Азизи: ЦК-ро ҳамчун беморхонаи муваққатӣ истифода баред

Корманди Кумитаи дин Рустам Азизи дар робита ба сохтани беморхонаи муваққати ба ҳукумати кишвар дар саҳифаи фесбукиаш пешниҳод мекунад, ки аз сохтани беморхонаи ҷадид ва харҷи зиёдати хуб мешавад бинои собиқи Дастгоҳи иҷроияи Президент (ЦК)-ро ҳамчун беморхонаи муваққати истифода баранд.

Тавре Азизи далел пеш меоварад, ки:
“Бинои собиқи Дастгоҳи иҷроияи Президент (ЦК), ки қарор аст хароб шавад, беҳтарин ҷой барои бемористони муваққатӣ аст, чун аз ҳама ҷиҳат ба меъёр наздиктар аст, зеро: аз чор тараф баста аст; дохилаш ҳуҷраҳои алоҳида дорад; обу барқ ҳама пайваст шудаанд; тамоми шароит барои табобати беморон ва истироҳати кормандон вуҷуд дорад. Пас аз ором шудани вазъ бо сироят метавонанд бемалол харобаш кунанд. Ба назарам, аз он ки биноҳои нимсохтаро бисозем ин вариант зудтар ва беҳтар амалӣ мешавад.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *