Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон ба Шайх Файсал ибн Сонӣ Оли Сонӣ дар Қатар

21 январ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа бо Раиси бахши сармоягузории Фонди давлатии сармоягузории Қатар Шайх Файсал ибн Сонӣ Оли Сонӣ мулоқот намуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Давлати Қатарро яке аз шарикони муҳими тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

«Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили рушду тавсеаи минбаъдаи робитаҳоро дар соҳаҳои саноату энергетика мавриди баррасӣ қарор доданд»,- иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Сарвари давлат.

Таъкид гардид, ки дар самти ҷалби сармояи Қатар ба Тоҷикистон имконияти бузург мавҷуд ҳаст. Аз ин рӯ, пешниҳод карда шудааст, ки ҷониби Қатар дар татбиқи чанде аз тарҳҳои афзалиятнок ба манфиати ҳар ду ҷониб иштирок намояд.

Дар рафти мулоқот масоили баҳрабардорӣ аз иқтидори бузурги транзитии Тоҷикистон дар минтақаи АвруОсиё, энергияи таҷдидшавандаи мамлакати мо, ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок муҳокима карда шудааст.

Бо назардошти имконияту иқтидори Тоҷикистон сармоягузории ҷониби Қатар дар кори таъсиси марказҳои тақсимоти яклӯхт ва логистикӣ ҷиҳати коркард, бандубаст ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар барои ду ҷониб судманд арзёбӣ гардид.

Ҳамчунин зимни мулоқот пешниҳод карда шуд, ки бо мақсади маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон «Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ» таъсис дода шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *