Пешниҳод: дар Душанбе ҳайкали Эмомалӣ Раҳмон гузошта шавад
Сайфиддин Садриддинов, Корманди шоистаи Тоҷикистон, пешниҳод кардааст, ки барои хизматҳои бисёрсолаи Президенти Ҷумҳурӣ дар барқарор кардани Тоҷикистони соҳибистиқлол муҷассамаи ӯ дар яке аз майдонҳои пойтахт гузошта шавад.
Номбурда менависад, ки аз қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» сахт хушнуд аст, ва аз кӯшишу талошҳои Эмомалӣ Раҳмон дар рушди малакат, ёдовар шуда, пешниҳод мекунад, ки муҷассамаи ӯ дар яке аз майдонҳо гузошта шавад: «Ман ҷонибдори он ҳастам, ки муҷассамаи Ҷаноби Олӣ дар яке аз майдонҳои пойтахти давлати тоҷикон гузошта шавад. Вақте ки қонун дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат ба тавсиб расид, месазад ки дар баробари он муҷассамаи Пешвои миллат ҳам қомат афрозад.»- менависад Сайфиддин Садриддинов. Ҳамчуни ӯ мегӯяд ки «Бигзор мардуми тоҷик ва меҳмонони аз дуру наздик омада ба ин шоҳкории сохташаванда- ҳайкали Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигариста, аз он ифтихор намоянд, ки ӯ шахсияти маҳбуби миллат аст ва барои сулҳу субот фидокориҳо нишон додааст. Ин пешниҳоди оқои Садриддинов дар ҳафтаномаи «Минбари халқ»-Нашрияи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дарҷ гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ