Пешниҳоди 74 варзишгар ба Ҷоизаи Президент

5 декабр таҳти раёсати Азим Иброҳим—муовини Сарвазири кишвар, раиси Комиссияи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи навбатии комиссияи мазкур баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои комиссия, аз ҷумла намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, федератсияҳои варзишӣ ва роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ширкат варзиданд.
Дар рўзнома як масъала – пешниҳоди номзадии ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо дар соли 2018 барои дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Хотиррасон бояд шуд, ки бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии варзишгарон бо иқдоми Сарвари давлат аз 9 январи соли 2015 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» ба имзо расида, соли 2016 21 нафар ва соли 2017 26 варзишгар соҳиби ин ҷоиза гардиданд.
Ҷоизаи мазкур ҳамасола ба варзишгарони беҳтарин супорида мешавад ва ҳаҷми маблағи он вобаста ба натиҷаи бадастоварда ва намуди варзиш аз 15000 то 300000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *