Пешниҳоди манъ кардани таъсиси баъзе гурӯҳҳои варзишӣ

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи youth.tj тасмимашро доир ба намудҳои варзишие, ки дар муассисаҳои варзишӣ оид ба онҳо ташкил кардани гурӯҳҳо манъ мешавад, ба табъ  расонд.

Кумитаи кор бо  ҷавонон ва варзиш  зикр намудааст, ки ин тасмимашро «бо мақсади иҷрои банди 11 Низомномаи намунавии муассисаҳои тайёрии варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои иловапулӣ дар соҳаи варзиш гирифта, дар муассисаҳои варзишӣ таъсис додани гурӯҳҳоро оид ба намудҳои варзишие, ки ба зӯроварӣ, паст кардани шаъну эътибор ва таҳқири шахс равона гардидаанд, манъ мекунад. Ташкил накардани кадом  намудҳои варзишии мамнӯъро дар муассисаҳои варзишӣ мақоми ваколатдори давлатӣ муайян ва тасдиқ менамоянд.

-Дар ин хусус лоиҳаи фармоиши раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, ки дар он 9 намуди варзише, ки ба зӯроварӣ, паст кардани шаъну эътибор, таҳқирӣ шахс ва дар маҷмӯъ сабаби аз даст додани саломатии насли наврасу врзишгарони ҷавон шуда метавонанд, зикр гардидаааст, — гуфт ба хабарнигори «Тоҷикистон» мудири бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Маҳмадуллоев. – Кумита ба зумраи намудҳои мамнӯи варзишӣ бокси касбӣ, грепплинг, зӯрозмоиҳои универсалӣ, К-1, муҳорибаҳои омехта (ММА, UFC ва MIXFIGHT), муҳорибаҳои ҷангии дастӣ, муқовимати кулл ва касбии ҷангии дастӣ, кикбоксинг ва панкратионро тавсия додаааст.

Вобаста ба лоиҳаи фармоиши мазкур масъулини соҳаи варзиш ва варзишгарон метавонанд то 30 сентябри соли равон таклифу пешниҳодҳои худро расман ба унвонии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд. Минбаъд пас аз қувваи қонунӣ пайдо намудани ин санад таъсиси гурӯҳҳо аз рӯи ин намудҳо дар муассисаҳои тайёрии варзишӣ қатъ мегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *