Пешсафони бунёди корнаҳои саноатӣ дар Суғд муайн шуданд

Дар вилояти Суғд давоми як соли гузашта 164 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ таъсис ёфтаанд. Дар бунёди корхонаҳои навтаъсис асосан шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пешсафанд. Яке 48 ва дигаре 36 корхонаву коргоҳи нави саноатиро сохта, ба истифода додаанд.

Дар ин бора Ҳокимбек Накҳатзода, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд иттилоъ дод. Бино ба маълумоти ӯ, корхонаҳои саноатии вилоят тавонистанд, ки дар ин давра беш аз 250 намуди маҳсулоти саноатиро истеҳсол кунанд, ки бештар маҳсулоти воридотивазкунанда буданд.

Таъкид гардид, ки давоми як соли охир дар сатҳи вилоят аз тарафи корхонаҳои саноатӣ дар ҳаҷми 30,3 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд, ки ин омор дар муқоиса бо соли 2023 120,1%-ро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти мақомоти гумрук дар вилояти Суғ, давоми соли 2024 ҳаҷми савдои гардиши хориҷӣ ба 3,3 милиард доллар баробар шудааст. Ин рақам нисбат ба соли 2023 118,3%-ро ташкил медиҳад. Яъне дар ин давра корхонаҳои саноатии вилояти Суғд аз ҷиҳати содирот ва ҳам воридот нишондиҳандаҳои назаррасро ноил шуданд.

Гуфта шуд, ки корхонаҳои саноатии вилоят дар ин давра зиёда аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти хушк ва 9,6 ҳазор тонна меваҳои тару тоза содирот кардаанд. Ҳамчунин, дар ҳаҷми 34,9 ҳазор тонна нахи пахта, 265 ҳазор тонна маҳсулоти маъданӣ, 247 ҳазор тонна семент, 14 ҳазор тонна сурма ва беш аз 180 ҳазор тонна ангишт ба дигар давлатҳо содирот карда шудаанд.

Ҳоло дар сатҳи вилояти Суғд 1229 корхонаву коргоҳи саноатӣ фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 164 корхонаи навтаъсис мебошанд.

Фарзона Шамсиева

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *