ПЕШВОИ БУЗУРГ

ШАРҲИ ИСМИ ХОСИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПЕШВОИ МАРДУМОНИ  КИШВАРИ АЗИЗАМОН МУҲТАРАМ ҶАНОБИ  ОЛӢ,  ЭМОМ  АЛИИ  РАҲМОН.

Ба пешонии мардум аз Тўст нур,

Ки аз нури Тў чашми бад бод дўр,

Ҳар он кас, ки бар Подшоҳ душман аст,

На мардумнажод аст, аҳриман аст.

Амир Хусрави Деҳлавӣ

                                     Воҳид, калимаи арабӣ буда, ба лафзи Тоҷикӣ маънои «як» гуфтанро дораду, ваҳдат маънои «ягонагӣ» гуфтанро дорад, ки бо тақозои давру замон дар тўли қарнҳо мо ин вожаҳоро қабул намудаем.                   Асосгузори сулҳу ваҳдати мардумони Тоҷикистони азизамон гардидани Ҷаноби Олиро ҳамагон диданду медонанд.

Замоне, ки зулмату торикӣ Ватанро фаро гирифта буд, арзишҳои инсониву фазилат,поймол гардида буданд.  Мардумон гуреза шуда ба сарнавишти сиёҳи худ хун мегиристанд. Вале боз ҳам умедвор буда, чашм ба роҳи марде буданд, ки аз ғайб берун ояду коре бикунад ва раҳбарии ҷомеаро бар дўши худ бигирад. Замоне, ки раёсати давлату ҳукуматро касе ба зимма гирифтан намехост, муҳтарам Имом Алии Раҳмон ҷасурона, ҷонашро фидои халқи азизаш намуда, сарварии давлатро бар дўши худ гирифт. Аз рўи ривоятҳои Қуръонӣ ба пайёмбари Ислом (д) дар синни 40 солагӣ, ваҳии Худованд нозил шуда буд ва муҳтарам Имом Алии Раҳмон низ дар синни 40 солагӣ ба сарварии давлатамон мушарраф гардидаанд. Магар ин бо ҳуқми қазову қадар нест? Сесияи XVI– уми Шуъурҳои Олӣ, ҳамчун сесияи «тақдирсоз» дар таърихи Ҷумҳуриамон номгузорӣ шудааст. Магар ин бо ҳукми қазову қадар нест?

         Мафҳуми калимаи «ҷамҳур» ин аст, ки «ҳурон – фариштагон» дар рўи замин ҷамъ омада, барои худ биҳиште меофаранд ва ман ин биҳиштро дар сарзамини «Тоҷиён» мебинам.

         Мафҳуми калимаи Тоҷ-ик, Тоҷ-ак гуфтан аст, ки решаи калима «Тоҷ» буда пасоянди «ак» навозишмандонаву ҳалимона талаффуз намудани «Тоҷ»-ӣ мебошад.

         Дар забони гуфтугўии мо қабул гардидааст, ки мард-ро ҳалимона «мардак» мегўянду зан-ро меҳрубонона «занак» мегўянд ва ин гуна гуфтор дар миёни мардумони мо зиёд аст. Вале миллати мо узви ҷудонашавандаи «Порс»-и қадим асту забонамон «Паҳлавӣ». Азбаски аз сулолаву нажоди Тоҷдорону Озодазодагонем, барои ҳамин ҳам моро «Тоҷ»-ӣ меноманд.

Бо айби фитнаангезону тафриқаандозони берунаву дохилии Ватанӣ, дар соли 1991-1993-юми асри гузашта қариб буд, ки «Давлати Тоҷикистон» аз байн биравад ва муҳтарам Имом Алии Раҳмон тавонистанд, ки мардумони фирқаҳои гуногуни кишварамонро ба сулҳу ваҳдату ягонагӣ даъват намоянду «Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ» гарданд. Исми хоси Ҷаноби Олӣ, Имом Алӣ мебошад.

Имом Алӣ аз калимаи арабӣ гирифта шуда, бо забони аврупоӣ «Гранд Лидер», бо забони русӣ «Великий Вождь» ва бо забони модариамон маънои «Пешвои Бузург» гуфтанро дорад, ки ин ҳам бо амри сарнавишт ба мо насибу рўзи гардидааст. Он чуноне, ки мардумони давлати Сурия, В.В.Путинро «Абў Алӣ» яъне «Падари Бузург» тахаллус додаанд. Ибни Сино, Ҳусейн ном дорад, вале бо сабаби илму дониши бузургу воло доштанаш «Абў Алӣ» яъне, «падари бузург» тахаллус гирифта аст. Мардумони Ирону Афғонистон, Арабистону Покистону Ҳиндустон гумон мекунанд, ки исмҳои Ҷаноби Олӣ, ҳамчун Имом Алиӣ Раҳмон, исмҳои интихобиву исмҳои сифотианд, ба монанди Аврангзебу, Ҷавоҳирлал Неҳру, Оятулло Ҳумоюниву, Маҳмуд Аҳмади Наҷоту Ҳасани Рўҳонӣ ва ғайра. Масалан исми хоси паёмбари Ислом (с) «Аҳмад» асту исми сифотияш «Муҳаммад», исми халифаи чорум «Ҳайдар» яъне «Шер» асту исми сифотияш «Алӣ», номи аслии «Нушинравон» «Кисро» асту номи «Ленин», «Володя.»                                  Ҳар як қавму миллатро раҳбару раҳнамо «Имом» аст. Вожаи «Имом» дар тўли 1400-сол аз тамаддуни арабӣ ба мо ворид гардида, бо забони Инглиси, «Лидерь», бо забони Руси, «Вождь» ва ба лафзи модариамон, маънои «Пешво» гуфтанро дорад, ки ин ҳам бо амри сарнавишт ба мо насибу рўзи гардидааст. Он чуноне, ки дар намозҳои ҷомеъа касеро интихоб мекунанд, кӣ «Имомат», яъне «Пешвои» кунад.     «Алӣ» яке аз 99-исмҳои сифотии Худованд аст, яъне «Аълову Бузургвор», ки дар навишт тарзи дурусти ҳарфи аввал бо «Ъ»- «ъайн» навишта мешавад.                                                                                    «Раҳмон» низ яке аз исмҳои сифотии Худованд буда, маънои «Бахшанда»-ву «Сахӣ»-ро дорад, ки ин ҳам бо амри сарнавишт ба мо насибу рўзӣ гардидааст. 9-уми декабри соли 2015 дар Иҷлосияи Шурои Олӣ, барои фарзанди фарзонаи мардумони Тоҷикистон, муҳтарам Эмом Алиӣ Раҳмон, назария-идеяи мартабаи «Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат» дар санаи 18-уми декабри соли 2015 ба ҳукми қонунӣ ворид гардид.                                                                                Пешвои миллат хондани Ҷаноби Олӣ, бисёр нек асту самими аст, вале дар тўли ҳазорсолаҳо қавмҳову қабилаҳое ҳастанд, ки бо амри сарнавишт  сарзамини Тоҷикистонро маскани зист интихоб намудаанд, вале миллаташон ҳамон аст, ки буд.                                                                    Ҳар як халқияту миллате, ки зодаи Тоҷикистон аст, алакай ў узви ҷудонашавандаи «мардумон»-и кишвари азизамон ба шумор меравад.                     Аҳли ин ё он миллату нажод будан, аз иродаи одамон вобастагӣ надорад. Бо гардиши айём, дар кураи замин давлате вуҷуд надорад, ки шаҳрвандонашон, факат аҳли як миллату нажод бошанд.                           Ҳар як давлат новобаста аз миллату нажод бо «мардумон»-и кишвараш пойдор аст. Мафҳуми калимаи мардум, «мардумак»-и чашм гуфтан аст, ки аҷдоди мо аз рўи иззату эҳтиром якдигарро «мардум», яъне «нўри чашмон»-и ҳамдигар мешумориданд.                                              Он ашхосе, ки новобаста аз миллату нажод дар як мулк зиндаги мекунанду аз як фазо нафас мегиранду аз як хон, нон мехўранд ва дар чашмони ҳамдигар, акси якдигарро мебинанд, ин «мардумӣ» аст,чуноне ки шоир гуфтааст:                                                                                                 Аз мардумаки чашм бибояд омўхт,

Дидан ҳама касрову надидан худро.

ва ё дар ҷои дигар

Мардумӣ кун ба ҷойи душману дўст,

К-аз мурувват зиён надид касе.

Амир Хусрави Деҳлавӣ дар асараш «Оинаи Сикандарӣ» гуфтааст:

.         Касе бар сари халқ зебад Амир,

Ки афтодагонро бувад дастгир.

На ҳар пой дархурди гоҳе бувад,

На ҳар сар сазои кулоҳе бувад.

Сазои бузургӣ нашуд ҳар яке,

Ба ҷуз «мардум» аммо на ҳар мардаке.

Ба пешонии «мардум» аз туст нур,

Ки аз нури ту чашми бад бод дур.

 Ҳар он кас, ки бар подшоҳ душман аст,

 На «мардум»-нажод аст,  аҳриман аст.

Маро гар ба як ҷуръа н-ори ба ёд,

Касеро, ки соғар диҳӣ, нўш бод.                                                        Низомии Ганҷави низ дар асараш, Хирадномаи Искандарӣ гуфта аст:

                  Сарӣ кардани «мардум»  аз «мардумист»,

Вагар на ҳама одамӣ, одамист.

Ҳама «мардумӣ» сарфарози кунад,

Сар он щуд, ки мардумнавозӣ кунад.                                                                 Саре к-аз ту гардад баландигирой,

Ба афкандани кас наафтад зи пой.

Касеро, ки қаҳри ту дар сар фиканд,

Ба помардии кас нагардад баланд.                                                  .

Ленинро «Вождь народов СССР» яъне «Пешвои мардумони Иттиҳоди Шўравӣ» меномиданд то, ки ҳамаи миллатҳои гуногуннажоди Иттиҳоди Шўравӣ, ки аз 14-республикаи гуногунмиллат иборат буд, Ленинро якзайл қабул намоянд.

Адолф Ҳитлер, ки «натсист» — «миллатгарой» буд ва ҳамаи сарони давлаташро новобаста аз илму маърифаташон аз «ориёинажод»-ҳо интихоб менамуд. Миллатҳои ғайриориёӣ  Адолф Ҳитлерро қабул намедоштанд.  Барои ҳамин ҳам бо он қадар қудрату салобате, ки дошт, мағлуб гардид.

 «Лидер натсий» – «Пешвои миллат» хондани Ҷаноби Олӣ, бисёр самими асту гуворо аст, вале аз рўи гуманизм ин мартаба боиси хиҷолати миллатҳои ғайритоҷӣ мегардад. Дар миқёси ҷумҳуриямон тақрибан 30 — 35 дар сади аҳоли кишварамон, миллатҳои ғайритоҷианд. Андеша мекунам, ки Ҷаноби Олимақомро «Лидер Народов Таджикистана» яъне «Пешвои Мардумони Ҷумҳурии Тоҷикистон» мехондем, барои ҳамаи миллатҳои ҷумҳуриамон, амсоли Ўзбеку Туркман, Русу Бадахшонӣ ва ғайраҳо мақбулу гуворо мебуд. Шарҳи муфассали ин гуфторро дар китобам таҳти унвони «Асари Аср» бо тарзи комил баён намудаам.

Ба равшандилону маорифпарварони кишвари азизамон дурандешии  умқ ва заковати баланди орифона орзўмандам.

Раҳмат  Шералиев,

 омӯзгор

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *