«Пешвои миллат бо ҷавонон» ба нашр расид
Дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ китоби «Пешвои миллат бо ҷавонон» ба нашр расид.
Китоби мазкур давоми ду сол таҳия шуда, муаллифони он раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва сиёсатшинос, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмидин Миралиён мебошанд.
Тавре Қиёмидин Миралиён хабар додааст, китоби мазкур ба Соли ҷавонон бахшида шуда, ҳамчун нишони ғамхорӣ, меҳрубонӣ, дастгирии пайгирона ва эътимоди падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонони Тоҷикистон манзур мегардад.
Ба зикри номбурда, дар китоб дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ки бо ташаббус, дастгирӣ ва дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, таҳлил шудаанд.
«Дар давраи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти ҷавонони Тоҷикистон дигаргуниҳои зиёд ба вуқӯъ омаданд. Пастию ноумедӣ, рӯҳафтодагӣ ва мушкилоти зиёди зиндагӣ онҳоро дучор омад, ки ҳар кадом давра ба давра ҳалли худро ёфтанд. Дар ҳалли ҳар як мушкилот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи ҷавонон буданд ва онҳоро дастгирӣ мекарданд. Пешвои миллат бо ҷавонон буданд ва ҳастанд», — омадааст дар пешгуфтори китоб.
Бояд зикр намуд, ки китоби мазкур ба доираи васеи хонандагон, аз ҷумла ҷавонон, олимон, сиёсатмадорон ва гурӯҳҳои дигари алоқаманд барои истифода тавсия дода мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ