Пешвои миллат  мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи Конститутсия табрик намуд

 

 

Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи таҷлил аз 22-юмин солгарди қабули Қонуни асосӣ гуфт, ки Тоҷикистон бар пояи ин санад ҳамеша сиёсати сулҳҷӯёнаро пайгирӣ мекунад. Президент дар як паёми телевизионӣ аз вазъи, ба қавли ӯ, мураккаби ҷаҳон ҳам ҳушдор дод ва гуфт, ки ин вазъият водор мекунад, то сокинон ба қадри оромӣ расанд. Қонуни асосии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 қабул шуда, ин рӯз дар Тоҷикистон истироҳат эълон гардидааст. Ба сабаби он, ки имсол рӯзи Конститутсия ба якшанбе рост омад, сокинони кишвар рӯзи душанбе, яъне 7 ноябр низ истироҳат хоҳанд дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *