Петер Буриан дар Душанбе
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ Петер Бурианро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Петер Буриан ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст.
Инчунин зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ