Петербургро Ал Узбекӣ тарконда будааст
Мақомоти амниятӣ дар Русия гуфтаанд, ки таркиш дар метрои шаҳри Сантк-Петербургро як фармондеҳи узбектабори яке аз гурӯҳҳои тундрав дар Сурия, супориш додааст. Нашрияи «Gazera-ru» бо такяи ба манобеи худ дар мақомоти амнитяии Русия навиштааст, ки омилони ин таркиш, аз Абу Салоҳ Ал-Узбекӣ як фармондеҳи гурӯҳи «Тавҳид-вал-ҷиҳод” дастури ин ҳамлаи хунинро гирифтаанд. Ба навиштаи расонаҳои русӣ, гурӯҳи «Тавҳид-вал-ҷиҳод» бо Ҷабҳат-ан-Нусра», ки дар Русия ва дигар кишварҳо ҳамчун созмони террористӣ эълон шудааст, наздик мебошад.Дар таркиши бомбаи худсохт дар дохили метрои Санкт-Петербург рӯзи 3-юми апрел 15 нафар кушта ва ҳудуди 60 тани дигар захмӣ шудаанд. Бамбгузори эҳтимолӣ Акбарҷон Ҷалилов як шаҳрванди Қирғизистон мебошад, ки ҳамакун дар боздошт ба сар мебарад. То кунун ба гуфтаи мақомоти интизомии Русия дар робита ба бомбгузории маргбор дар шаҳри Санкт Петербург, дуввумин шаҳри бузурги кишвар 9 нафар ва аксаран зодагони Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд. Акбарҷон Ҷалилов, ки ба гуфтаи мақомоти Русия бомби худсохташро дар дохили метро тарконд, зодаи Қирғизистон буда ва баъдан шаҳрвандии Русияро ба даст овардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ