Петр Сегрт футболбозони Тоҷикистонро ба Ҷоми Наврӯз-2022 мебарад
Аз 25-ум то 29-уми март дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалии футболи Ҷоми Наврӯз-2022 баргузор мешавад. Мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистонро ба ин мусобиқа мебарад.
Ин аввалин санҷиши Петр Сегрт дар вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон хоҳад буд. Дар Ҷоми Наврӯз-2022 чор дастаи мунтахаб иштирок мекунанд. Инҳо дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Уганда ҳастанд. Мусобиқа аз марҳилаи ниманиҳоӣ оғоз меёбад. Дар ин марҳила дастаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 25-уми март бо дастаи мунтахаби Уганда бозӣ мекунад.
Дар ҳамин рӯз бозии дигари даври ниманиҳоӣ байни дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Қирғизистон доир мегардад. Ғолибони ҷуфтҳои марҳилаи нимфиналӣ барои ба даст овардани Ҷоми Наврӯз-2022 дар марҳилаи ниҳоӣ мубориза мебаранд. Дастаҳое, ки дар даври нимфинал ноком шуданд, барои соҳиби ҷойи сеюм талош хоҳанд кард. Дар рӯзи якум Уганда бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо Қирғизистон бозӣ мекунанд. Бозӣ барои ҷойи сеюм ва финал рӯзи 2-юми март ба нақша гирифта шудаанд. Ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи хонагии клуби футболи «Навбаҳор»-и шаҳри Намангон баргузор мешаванд. Ҷоми Наврӯз-2022 аз тарафи Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон роҳандозӣ мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ