Пирӯзии Арина Соболенко дар оғози мусобиқаи US Open
Теннисбози белорус Арина Соболенко ба даври дуюми мусобиқаи US Open роҳ ёфт.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Соболенко дар бозии даври аввали мусобиқаи US Open бар намояндаи Белгия — Марина Заневская бо ҳисоби 6:3, 6:2 ғалабаи боваринок ба даст овард. Вохӯрӣ 1 соату 19 дақиқа давом кард.
Соболенко барои роҳ ёфтан ба даври сеюми мусобиқаи кушоди US Open бо намояндаи Британияи Кабир — Ҷоди Буррейҷ, ки дар нахустин бозии худ ба Анна Блинковаи рус ғолиб омада буд, бозӣ мекунад.
Мусобиқаи US Open аз 28-уми август то 10-уми сентябр давом мекунад. Маблағи умумии ҷоиза дар сабқати яккасаи занон 65 миллион долларро ташкил медиҳад. Ғолиби феълии ин мусобиқот ракеткаи якуми ҷаҳон намояндаи Лаҳистон — Ига Свёнтек мебошад, ки соли гузашта дар бозии ниҳоӣ бар Онс Ҷабер аз Тунис пирӯз шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ