Пирӯзии «Ливерпул» бар “Арсенал” ба шарофати Диого Ҷота (аудио)
Дар бозии ҷавобии даври нимниҳоии Ҷоми Лигаи Англия «Ливерпул» бар «Арсенал» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, ба даври ниҳоӣ баромад.
Бино ба иттилои Sportmail.ru, ҳарду голро Диого Ҷота ба самар расонидааст. Ӯ дар дақиқаҳои 19 ва 77-ум гол зада, дар охирҳои бозӣ Томас Парти аз “Арсенал” хориҷ карда шудааст.
Бозии аввал мусовӣ (0:0) анҷом пазируфта, баъди ду бозӣ “Ливерпул” ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи 27-уми феврал баргузор мегардад, «Челси» рақиби “Ливерпул” хоҳад буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ