Пирӯзии Муин Ғафуров ва шикасти Муҳаммад Наимов
Ду варзишгари тоҷик дар мусобиқаи «UFC on ABC 6» дар Риёз (Арабистони Саудӣ) ҳунарнамоӣ карданд. Инҳо Муин Ғафуров ва Муҳаммад Наимов буданд, ки аввалӣ пирӯз шуд, аммо дуюмӣ ба шикаст рӯ ба рӯ гардид.
Дар вазни сабук Муин Ғафуров (UFC 1-2, 19-6) бо намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Кюнг Ҳо Канг (UFC 8-5-1, 19-12) вохӯрд. Мубориза, ки барои се раунд пешбинӣ шуда буд, тамоми вақт давом кард ва бо қарори якдилонаи доварон (ҳар се довар — 30-27) бо пирӯзии размикори тоҷик анҷом ёфт.
Дар давоми набард намояндаи Тоҷикистон 71 зарбаи мутамарказ зад, ки 47-тоаш ба ҳадаф расид. Канг бо 12 зарба ҷавоб дод. Боре ба Ғафуров муяссар шуд, ки дар мубориза тейкдаунн кунад. Ғафуров дар чемпионати мутлақ (UFC) 3 набард анҷом додааст. Пирӯзӣ бар Канг аввалин ғалабаи ӯ ба шумор меравад.
Аммо Муҳаммад Наимов (UFC 3-1, 11-3) дар рақобати сеюмаш дар UFC дар як мусобиқа дар Риёз шикаст хӯрд. Рақиби Наимов размикори бразилӣ Фелипе Лима буд (UFC 0-1, 13-1). Мубориза дар вазни сабук (66 кг) сурат гирифт ва дар даври сеюм барвақт анҷом ёфт.
Якуним дақиқа қабл аз ишораи хатми набард, бразилӣ размикори тоҷикро бо усули бӯғӣ кардан таслим кард. Барои Наимов ин аввалин шикаст зери ҳидояти Дана Уайт (раҳбари UFC) аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ