Пирӯзии Комроншоҳи Устопириён дар Анталия
Паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо бо номи “Grand-Prix Antalya 2017”, ки рӯзҳои 7-9 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, мақоми дувумро касб кард.
Дар ин мусобиқаи пурнуфуз 252 варзишгар (155 мард ва 97 зан) аз 34 кишвари ҷаҳон ширкат дошт. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон се гуштигир шомил буд: Хаёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Саидҷалол Саидов (-100 кг).
Комроншоҳи Устопириён дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило дар даври аввал озод буд. Баъдан ӯ дар ду қувваозмоӣ бар рақибонаш Батуҳан Ефемгил аз Туркия ва Ҳае Ҷо Ҷунг аз Кореяи Ҷанубӣ пирӯз шуда, ба нимфинал роҳ ёфт. Комроншоҳ дар даври ниманиҳоӣ бар Магомед Магомедови русиягӣ ғолиб омад ва ба финал баромад. Вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз гуштигири муғул Алтанбагана Гантулга мағлуб гашт ва мақоми дувумро соҳиб шуд.
Паҳлавони дигари тоҷик Хаёмиддин Ҷабборов, ки дар вазни то 73 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Куштрим Гашӣ аз Косово ғолиб омад, дар даври баъдӣ аз Тоҳар Бутбул аз Туркия мағлуб гашт. Саидҷалол Саидов бошад, дар вазни то 100 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Ниёз Илёсови русиягӣ шикаст хӯрд.
Хаёмиддин Ҷабборов, ки дар вазни то 73 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Куштрим Гашӣ аз Косово ғолиб омад, дар даври баъдӣ аз Тоҳар Бутбул аз Туркия мағлуб гашт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ