Пирӯзии наврасони Душанбе дар Истаравшан
Бинобар иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар Мактаби варзишии кӯдакону наврасони №1-и шаҳри Истаравшан мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ байни наврасони соли таваллудашон 1999-2000 баргузор гардид.
Дар мусобиқа зиёда аз 160 варзишгар дар ҳайати дастаҳои Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд-1, Суғд-2, Душанбе-1, Душанбе-2 ва шаҳру навоҳии тобеи марказ (ШНТМ ) аз рӯйи вазнҳои -50, -55, -60, -66, -74, -84 ва -96 кило байни худ рақобат намуданд.
Натиҷаи ин зӯрзмоиҳо ҷамъбаст шуда, ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини юнонӣ-римӣ байни наврасон ба таври зайл муайян гардиданд: дар вазни то 50 кило 1. Фирӯз Мирзораҷабов (Душанбе-1). 2. Давлатҷон Камолов (ШНТМ). 3. Султонбек Искандаров (Суғд-2 ва Тоҳир Олимов (Хатлон-2); вазни то -55 кило 1. Муҳаммад Файзов (Душанбе-1). 2. Улуғбек Комилов (Душанбе-2). 3. Ҷамшед Қурбонов (Душанбе-1) ва Исматулло Норматов (Суғд-2); вазни т о 60 кило 1. Ислом Мазитов (Душанбе-1). 2. Азимҷон Бобоқулов (Суғд-2). 3. Дилшод Нағзибеков (Душанбе-2) ва Аламшо Камолов (Душанбе-2); вазни то 66 кило 1. Фаррух Муратов (Душанбе-1). 2. Абубакр Файзов (Душанбе-2). 3. Фирдавси Далер (Суғд-1) ва Шаҳбоз Ҳомидов (Суғд-2); вазни то 74 кило 1. Муслиҳиддин Уроқов (Душанбе-1). 2. Айниддин Шарифов (Душанбе-2). 3. Азизҷон Гулов (Душанбе-2) ва Фозил Саидов (Суғд-2); вазни то 84 кило 1. Шариф Файзиев (Суғд-1). 2. Амир Ҷӯраев (Суғд-2). 3. Ғайратулло Назруллоев (Хатлон-2) ва Суҳроб Абдулҳаев (Душанбе-1); вазни то 96 кило 1. Бахтиёр Сайфиев (Суғд-2). 2. Азимҷон Ҳомидов (Суғд-1). 3. Баҳрулло Тоҷибоев (Суғд-2) ва Меҳрон Маҳмудов (Душанбе-2)
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ