Пирамарде,ки бо дучарха то ба ҳаҷ рафтанист

Ҳасан Ҳоҷибоев, нафақахӯри ӯзбек аз вилояти Намангони Ӯзбекистон бо дучарха, ба қасди зиёрати ҳаҷ, озими Арабистони Саудӣ шуд.
Ҳасан Ҳоҷибоеви 75-сола 2 июн ба роҳ баромад. Вай гуфт, ният дорад, шаби 7 ё субҳи 8 июн ба марзи Туркманистон бирасад.

Пирамарди ӯзбек ба хабарнигорон гуфтааст, визаи Туркманистон ва Эронро, ки аз марзи ин ду кишвар бояд убур кунад, надорад. Вай танҳо визаи хуруҷии Ӯзбекистонро дарёфт кардааст.

Моҳи сентябри соли 2016 Ҳасан Ҳоҷибоев бо дучархааш барои зиёрати қабри Ислом Каримов, президенти пешини Ӯзбекистон, аз вилояти Намангон ба Самарқанд омад. Нафақахӯри ӯзбек он замон дар роҳи рафту бозгашт 500 километрро тай карда буд. Корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук сафари соли гузаштаи ӯро «ҳаҷҷи асғар» унвон ва барояш дучарха ҳадя карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *