Пиразане, ки аз ҳар ангушташ ҳунар мерезад
Холаи Санам 70 сол дорад, вале ба синну солаш нигоҳ накарда, то ҳол дар такопӯй аст. Нури чашмонаш хира гашта бошанд ҳам, дар чашм айнак бо ҳавас гулдӯзию зардӯзӣ медӯзад. Сӯзаниҳои зебои дӯхтааш чашми касро мебаранд. Тавре ки аз сӯҳбат бо ин зани гулдаст дарёфтем, панҷ панҷаи холаи Санам ҳунар аст ва ин зани ҳалиму меҳрубон ҳунари хешро натанҳо ба духтарону келинҳояш, балки ба дигар занону духтарони маҳаллӣ низ меомӯзад. Қаҳрамони мо дар ноҳияи Лахш зиндагӣ мекунад. Ӯ ҳунари гулдӯзиро аз модараш омӯхтааст.
“Аз хурдсолӣ ба духтаронам гулдӯзию зардӯзӣ карданро меомӯзонидам, то ки баъди ба воя расидан дар зиндагӣ барои худ як василаи рӯзгузаронӣ дошта бошанд. Дар замони духтарии худам, модарам маро маҷбур карда, гулдӯзиву зардӯзӣ ёд медоданд. Он замон духтаре, ки ин ҳунарҳоро надошта бошад, келин намекарданд. Мо ба хонаи шавҳар аз кӯрпаву курта ва сарандозу тоқӣ сар карда, то дастархону сачоқҳои гулдӯзию зардӯзишударо мебурдем,”-мегӯяд ӯ.
Холаи Санам ҳоло ҳам ҳунари худро ба духтарони қишлоқ меомӯзад ва ҳатто як хонаашро барои шогирдонаш омода намудааст.
“Феълан ҳафт шогирд дорам. Ба онҳо бештар гӯлдӯзӣ кардан маъқул аст, зеро шогирдонам духтарони ҷавонанд. Вақте як духтар бо кумаки ман барои худ куртаҳои гулдӯзиву тӯру тоқии зардӯзӣ омода месозад, сарам ба осмон мерасад,”-мегӯяд холаи Санам.
Ба гуфтаи қаҳрамони мо, қаблан бо сабаби набудани шароити мусоид, дастрас набудани ришта ва матоъ, ин ҳунар дар ноҳия рӯ ба таназзул ниҳода буд. Хушбахтона, имрӯзҳо пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва равобити бозаргонӣ бо дигар давлатҳо имкон фароҳам овард, ки маҳсулоти хом ба ҳунармандон сари вақт дастрас шавад.
“Ҳоло шароит бисёр хуб аст. Маҳсулотро аз бозори ноҳия харидорӣ карда, тибқи фармоишу дархости мизоҷон аз пайи кор мешавем. Нақши гулро дар матоъ кашида, баъдан онро дастаҷамъӣ медӯзем. Барои омода кардани як куртаи гулдӯзӣ ду-се нафар муддати панҷ ё шаш рӯз заҳмат мекашем,”-қайд мекунад ин зани ҳунарманд.
Момаи Санам мегӯяд, ки гулдӯзиро солҳои пеш дар матои пахтагин, яъне сатин, авлон ва лавсан медӯхтанд. Аз матои ҳарир ва атлас барои арӯсон куртаи арӯсӣ тайёр намуда, дар ҳарири сафед нақш тасвир намуда, гулдӯзӣ мекарданд. Дар ҳама шаҳру ноҳияҳо барои кашидани нақши гули ин гулдӯзиҳо занҳои наққоше буданд, ки ҳамчун гулкаш ё қаламкаш ном бароварда буданд. Қаҳрамони мо бошад, худаш ҳам нақш мекашад ва ҳам медӯзад.
Гулдӯзӣ аз қадимтарин ва ҷаззобтарин ҳунари бонувон маҳсуб меёбад, ки дар манотиқи гуногуни олам занону духтарон ба он шавқу ҳаваси беандоза доранд. Бонувони мо аз қадимулайём омӯхтани ҳунарҳои занона, бахусус гулдӯзиро шараф меҳисобиданд ва ҳар як модар кӯшиш мекард, ки ба духтараш ҳунарҳои дӯхтани дарз ва гулдӯзиро ёд диҳад.
Қаҳрамони мо мегӯяд, ки ӯ зани хушбахт ҳаст, чунки натанҳо келин, балки наберакелин ҳам дорад. Ба андешаи момаи Санам ҳар як аъзои оила бояд саҳми худро дар буҷҷаи оилавӣ гузоранд.
“Ман пир шудам гуфта, поямро дароз карда намешинам, баробари келинҳоям кор мекунам. Ба ғайр аз гулдӯзиву зардӯзӣ кардан ҳамроҳи писарону келинҳо ва наберакелинҳоям дар гармхонаи сохтаамон сабзавоти полезӣ парвариш карда, ба бозор мебарорем. Сад шукр, зиндагиамон пеш меравад ва ҳамзамон мардумро бо сабзавоти тару тозаи полезӣ таъмин мекунем”,- мегӯяд ӯ.
С. Убайдуллоева.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ