“Пирмошинҳо” дигар ҳаққи вуруд ба Тоҷикистонро надоранд
Аз 15 феврали соли 2018 воридоти мошинҳои сохташон то соли 2005 ба Тоҷикистон манъ карда мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 27 январ дар ин бора қарор қабул карда, аз Хадамоти гумрук ва ВКД хост, аз 15 ффеврал расмиёти гумрукӣ ва бақайдгирии мошинҳои воридотиро тибқи ин қарор ба роҳ монанд. Тоҷирони мошин тарс доранд, ки агар борашонро то 15 феврал расонда натавонанд, зарари зиёд мебинанд.
Ба дасти сомонаи «Ахбор” нусхаи қарори ҳукумати Тоҷикистон бо номи «Дар бораи манъ намудани воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2005 ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон” расид.
Дар ин қарори ҳукумат, ки рӯзи 27 январ таҳти рақами 41 қабул шудааст, чунин гуфта мешавад:
«Дар бораи манъ намудани воридоти воситаҳои нақлиёти
автомобилии соли бароришашон то соли 2005 ба ҳудуди
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Воридоти воситаҳои воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2005 (мавқеи молии 8702, 8703, 8704 ва 8705 номгӯи молии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 15 феврали соли 2018 манъ карда шавад.
2.Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат, расмиёти гумрукӣ ва бақайдгирии воситаҳои нақлиёти воридшавандаро мутобиқ ба қарори мазкур таъмин намоянд.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ