Пирӯзии муштзани маъруфи тоҷик дар Финландия
Баҳодур Усмонов — муштзан ва варзишгари пуровозаи кишвар дар 40-умин мусобиқаи байналмилалии бокс дар Финландия ба дарёфти медали тилло мушарраф шуд. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин мусобиқот рӯзҳои 7-10-уми апрел дар шаҳри Хелсинки бо ҳузури 100 варзишгар аз кишварҳои Финландия, Норвегия, Шведсия, Эстония, Англия, Уэлс, Шотландия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Арманистон, Маҷористон, Фаронса, Олмон, Булғористон ва Укроин баргузор шуд.
Баҳодур Усмонов дар вазни -63,5кг муҳорибаро аз чорякфинал оғоз кард. Варзишкори тоҷик бар намояндаи Арманистон Ҳамлет Мнатсаканян бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд. Дар нимфинал ҳарифаш аз Маҷористон Ричард Ковачро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод ва дар финал бар варзишгари шотландӣ Риси Лунч бо ҳисоби 4:1 пирӯз ва медали тиллоро соҳиб шуд.
Мусобиқаи «GeeВee Boxing Tournament-2022» аз соли 1982 баргузор мешавад. Имсол муҳорибаҳо аз рӯи 4 вазн миёни бонувон ва 11 вазн миёни мардҳо сурат гирифтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ