Пирзода: Умед ба ҷавонон дорем
Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон минбаъд, теъдоди барномаҳои таҳлилӣ-проблемавиро дар шабакаҳои телевизионӣ афзоиш доданист.
Маҳмадсаид Пирзода, раиси кумита дар нишасти хабарӣ гуфт, ки имсол дар шабакаи “Телевизиони Тоҷикистон” то 60 дарсад зиёд намудани барномаҳои таҳлилӣ дар нақша гирифта шудааст. Ӯ афзуд, дар дигар шабакаҳои телевизионӣ низ вобаста ба форматашон таҳияи барномаҳои таҳлилӣ дар назар аст.
Пирзода мегӯяд, ки дар шабакаи “Телевизиони Тоҷикистон” барномаҳое назири “Тафсир”, “Мурофиа”, “Тоҷикистон ва ҷаҳон”, “Иқтисод”, “Амал”, “АгроИқтисод”, “Бизнес Таймс”, “Истеҳсоли Тоҷикистон”, Тоҷикистон дар рақамҳо” ва “Ҷаҳони иқтисод” рӯи кор омадаанд, ки соҳаҳои мухталифро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд.
Ба гуфтаи раиси Кумитаи телевизион ва радио, ҳанӯз норасоии кадрҳои болаёқат дар бархе шабакаҳои телевизионӣ вуҷуд дорад ва талош мекунанд бо ҷалби кадрҳои нав аз ҳисоби ҷавонон ин мушкилро бартараф созанд. Пирзода қайд намуд, ки бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати барномаҳои шабакаҳои телевизион ва радио Кумита тасмим гирифтааст, дар семоҳаи аввали соли равон барои ҷалби ҷавонон ва мутахассисони баландихтисос ба кор, аз ҷумла наттоқон, ровиҳо, коргардонҳо ва мутахассисони соҳаҳои дигар озумун баргузор намояд.
Тасмими зиёд кардани теъдоди барномаҳои таҳлилӣ дар шабакаҳои телевизион дар ҳолест, ки дар гузашта коршиносон телевизионҳои давлатиро танқид мекарданд, ки барномаҳои таҳлилӣ ва проблеммавӣ хеле кам таҳия мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ