Писар ба ҷойи падар. Сардор Бердимуҳаммадов — полковнику муҳандис ва ҷавонтарин президент дар ИДМ

Сардор Бердимуҳаммадов, писари 40-солаи президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов пирӯзи интихоботи президентии пеш аз муҳлати ин кишвар шуд. Сардор Бердимуҳаммадов дар ин раъйдиҳӣ 72,97 дарсади раъйи мардуми Туркманистонро ба даст овардааст.

Роҷ ба ҷавонон

Ҳашт рақиби дигари Сардор дар ин рақобати интихоботӣ ҳамагӣ аз 1 то 11 дарсади раъйи мардуми Туркманистонро ба даст овардаанду халос.

Сардор Бердимуҳаммадов дар фазои кишварҳои пасошӯравӣ, пас аз Илмҳом Алиев, раисҷумҳури Озорбойҷон дуввумин нафарест, ки қудрати сиёсиро аз падараш ба мерос мебарад, ҳарчанд талошҳои ин гуна интиқоли қудрат дар кишварҳои дигари пасошӯравӣ вуҷуд дошт.

Дар бораи баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Туркманистон рӯзи 11-уми феврали имсол дар ҷаласаи парлумони ин кишвар хабар доданд. Дар шарҳи расмӣ гуфта шуд, ки президенти 64-сола роҳро ба “ҷавонон боз мекунад”. Аксарият ин изҳоротро чун ҳамвор кардани роҳ ба писари президент Сардор Бердимуҳаммадов қабул карда буданд, ки акнун воқеият шуд.

Сардор зимни раъйдиҳияш гуфт, ки идомадиҳандаи сиёсати падараш буда, сиёсати Туркманистонро дар сатҳе ки ҳаст, нигоҳ медорад.

Ҷавонтарин раисҷумҳур

Сардор Бердимуҳаммадов соли 1981 таваллуд шуда, 41 сол дорад. Ӯ мактаби миёнаро авохири солҳои 90-ум ба итмом расонида, Донишкадаи кишоварзии Туркманистон ба номи С. А. Ниёзовро бо ихтисоси муҳандис-технолог соли 2001 хатм кардааст.

Тақрибан дар ин давра, дар соли 1997 падараш ба фаъолияти сиёсӣ шуруъ карда, вазири тандурустӣ ва саноати тиббӣ ва дар баробари ин, дар соли 2001 яке аз муовинони раиси Девони вазирони ин кишвар бо роҳбарии худи президент Сафармурод Ниёзов гардид.

Пас аз хатми донишгоҳ дар соли 2001 Сардор Бердимуҳаммадови 20-сола якбора ба ҳайси сармутахассиси Раёсати робитаҳои иқтисодии хориҷии Ассотсиатсияи саноати хӯроквории Туркманистон ба кор шуруъ кард ва баъди ҳафт соли кор дар мақомҳои гуногуни ин ниҳод аз вазифа рафт.

Зимнан, тибқи маълумоти расмӣ, солҳои 2001-2003 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Туркманистон хидмат кардааст.

Роҳ сӯи сиёсати бузург

Солҳои 2008-2011 дар Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Русия таҳсил карда, мутахассиси равобити байналмилалӣ шуд.

Солҳои 2011-2013 ҳамчунин дар Женева, дар Маркази сиёсати амниятӣ таҳсил карда, мутахассиси амнияти Аврупо ва байналмилалӣ гардид.

Пас аз бозгашт аз Швейтсария соли 2013 ӯ ба вазифаи сардори Раёсати кишварҳои аврупоии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон таъйин шуд.

Ӯ дар соли 2013 ҳамзамон муовини раиси Оҷонси давлатии идора ва истифодаи захоири карбогидридҳои Туркманистон, ки аз сарватмандтарин ва бонуфузтарин ниҳодҳои ин кишвар аст, таъйин шуд. То соли 2016 дар ин оҷонсӣ ба ҳайси муовини директор кор кардааст.

Моҳи августи соли 2014 номзади илмҳои техникӣ, июли соли 2015 доктори илмҳои техникӣ шуда, соли 2017 рутбаи полковникиро соҳиб гардидааст.

Моҳи марти соли 2018 Сардор Бердимуҳаммадов муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон ва сипас дубора вакили парлумони Туркманистон интихоб шуд.

Моҳи январи соли 2019 ӯ аз мақоми муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон озод ва муовини раиси ҳукумати вилояти Аҳал таъйин гашт. Июни соли 2019 аз вазифаи муовини раиси вилоят озод ва ба унвони раиси ин вилоят мунтасаб шуд.

Номбурда аз моҳи феврали соли 2020 дар вазифаи вазири саноат ва истеҳсоли сохтмони Туркманистон кор мекард. Аз феврали соли 2021 дар вазифаи муовини сарвазир кор мекунад.

Сардор Бердимуҳаммадов ҳамчунин раҳбарии Ассотсиатсияи байналмилалии асппарварии Ахалтекӣ ва Ассотсиатсияи байналмилалии «Алабайи туркман»-ро бар уҳда дорад. Ӯ дар 20-солагиаш оиладор шуда, тибқи баъзе сарчашмаҳо, се духтар ва як писар дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *