Писар модар ва ду бародарашро кушту оташ зад. Чаро?

Писари нохалаф ҳурмати модариро аз байн бибурд, меҳри бародаронро пушти по зад ва даст ба ҷинояте зад, ки инсоният мислашро надидаасту интизор ҳам надошт.

Ин фоҷиаи гушношунид амали дасти ҷавони 18- солаест, ки модар ва ду бародари мактабхонашро бо корди говкушӣ ба қатл расонда, сипас ҷасадҳояшонро оташ задааст, хабар медиҳад сомонаи Oila.tj.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳодиса ду рӯз пеш аз ҷониби ҷавонписари тақрибан 18 сола ба хотири маблағ ба вуқӯъ пайвастааст. Падарандари Юсуф дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Писарбача ба маблағ сахт этиёҷманд будааст ва дар натиҷаи рад шудани дархосташ ғазабӣ шуда, модар ва ду бародарашро бо корд кушта, аз хона баромада рафтааст.

Пас аз як рӯзи баргашт ҷасади пайвандонашро дар ошхонаи манзилашон оташ задааст. Бо ин восита хостааст, ҷиноятро пинҳон нигоҳ дорад. Вале, ҳангоми таҳқиқи ҳодиса ҷиноят аз ҷониби шӯъбаи ташхиси шаҳри Ҳисор ошкор гардид.

Як нафар аз шӯъбаи ташхиси шаҳри Ҳисор хабари мазкурро тасдиқ карда, зикр намудааст, ки аз рӯйи ҷасади нимсӯхтаи маҳрумон муайян шуд, ки онҳо дар асари корзанӣ кушта шудаанд. Ҷасадҳои кушташудагон дирӯз тақрибан соати 16:00 дар деҳаи Арбобии шаҳри Ҳисор ба хок супорида шудаанд.

Тафсилоти бештари ҳодиса дар наздиктарин фурсат пешниҳоди хонандагон хоҳад гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *