Писар мошини падарро оташ зад

Дар Варзоб як ҷавони 26-сола ба оташзании автомашинаи падараш гумонбар дониста мешавад. Сабаби оташзанӣ норозигии писар будааст, зеро падараш ба ваъдаи харидани мошин ба ӯ вафо накарда, бо оташзании мошин писараш аз ӯ қасос гирифтан мехостааст.

ВКД хабар медиҳад, ки  сокини Чорбоғ ба милитсия муроҷиат карда, изҳор мекунад, ки шахси номаълуме мошини ӯ — тамғаи Toyota Camry-ро дар ҳавлии хонааш оташ задааст. 

Дар ҷарааёни чорабиниҳои фаврӣ гумонбари ин амал боздошт мешавад, ки писари ӯ, Сорбон Гулови 26-сола будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *