Писар қотили модар шуд
22.09.с.2016, тахминан соатҳои 22:20-дақиқа аз назди ташнобхонаи манзили истиқоматии марди 60-солаи сокини деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара, аз чуқурии тахминан 1 метр ҷасади шаҳрванд Нурова Садафмо Фатҳиддиновна, соли таваллудаш 1964, сокини деҳаи Қайнамаи ноҳияи Данғара, бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне бо дасту по ва даҳони баста, дар дохили курпа печонидашуда, дарёфт карда шуд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ва мақомоти Прокуратура дар ноҳияи Данғара ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор писари марҳум Миров Тағаймурод, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Сарбанд, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуд.
Муайян гардид, ки рӯзи 17 ба 18-уми сентябри соли ҷорӣ, дар манзили истикоматии ба иҷора гирифташуда, воқеъ дар деҳаи Рахшонзамин аз ҳиссиёти баланди бадбинӣ ва муноқишаи оилавӣ, шаҳрванд Миров Т. аввал бо мушту лағад ва сипас бо бел ба сару тани модараш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонида ӯро беҳол гардонидаааст. Сипас бо рӯймол дасту по ва даҳони ӯро баста, бо ин роҳ муқобилият ва фарёд кашидани ӯро бартараф намуда, ҷабрдидаро ба курпаи тунук мепечонад. Ва бо як бераҳмии махсус дар ҳолати ҳоло зинда будани модараш чуқурӣ канда, ӯро зинда ба онҷо гур мекунад ва болояшро бо хок мепӯшонад.
Чанд рӯз дур шудани Нурова Садафмо аз назарҳо ҳамсояҳоро дар ҳайрат мегузорад. Ба саволи модарат куҷост, Миров Т. ба мардум ҷавоб медиҳад, ки модарам аз хона баромада, бедарак ғайб задааст.
Паҳн шудани бӯи ғализ дар атрофи деҳа сокинонро бетараф намегузораду онҳо ба кормандони милитсия хабар медиҳанд.
Нисбати Миров Т. бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Данғара парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ