Писар падарро зада кушт

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Б.Бурунови шаҳри Ваҳдат, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор, дастгир карда шуд.

Номбурда, 25-уми майи соли 2018, тахминан соати 18:00-дақиқа, бо падараш, марди 60-солаи сокини шаҳри мазкур бо сабабҳои оилавӣ ҷанҷол карда, ӯро лату куб намудааст.
Дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса тибқи талаботи моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *