Писар ё духтар: УЗИ магар гуноҳ аст?

Самеъ ном шаҳрванд ба сомонаи Шӯрои уламо доир ба ҷоиз будан ё набудани ташхиси ултрасадоӣ ё УЗИ аз нигоҳи шариати исломӣ суол кардааст. Дар посух ба суоли ӯ корманди Шӯрои уламо, ташхиси ултрасадоиро ҷоиз арзёбӣ кардааст.

Дар посух омадааст:  «Мафҳуми ояти 34-уми сураи “Луқмон” ин аст, ки он чи дар шиками занони ҳомила аст, писар ё духтар будани онро аз оғози марҳалаи нутфа то дамида шудани рӯҳ ба он фақат Худованд медонаду бас. Аммо пас аз такмили хилқати ҷанин муайян кардани он ба василаи дастгоҳҳои ташхисӣ дар илми ғайб дохил намешавад.  Чунки баъзе пиразанони ботаҷриба аз рӯи ҳаракатҳо ва аломатҳои хосси зани ҳомила писар ё духтар будани ҳамли ӯро низ муайян карда метавонанд. Фаромӯш набояд кард, ки дастгоҳи ташхисӣ гоҳе дар муайян намудани ҳамли занон иштибоҳ ва хато мекунад ва акси воқеъиятро нишон медиҳад, ҳамон тавре ки некбахт ё бадбахт будани ҳамлро муайян карда наметавонад.»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *