Акмал тухм кард

Ҷавони наврасе бо исми Акмал мардумро бовар мекунонад, ки аз соли 2015 мисли паррандагон тухм мекунад. Дар давоми се сол Акмал бист дона тухм кардааст.

Ин наврас дар ҷазираи Сулавеси умр ба сар бурда, 14-сола аст. Бори аввал ӯ соли 2015 қаҳрамони барномаи телевизионӣ гашта буд, бо иқрори он ки дар як ҳафта 7 тухм кардааст, ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Олимон тухмҳоро мавриди озмоиш қарор дода, ба хулосае омаданд, ки тухмҳои кардаи ин писарак аз тухми мурғ монданӣ надоранд, аммо баъди се сол Акмал ба беморхона баргашта, хабар дод, ки шумораи тухмҳои кардааш аллакай ба 20 адад расидаанд. Ду тухми охиринро писарак дар беморхона кардааст, вале табибон то имрӯз сабаби пайдоиши ин падидаро шарҳ дода наметавонанд. Саломатии писарак хуб аст, аммо ӯро як ҳафта дар хонаи махкам нигоҳ доштаанд, то ки сабаби тухм карданашро муайян намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *