Писарбачаи фавтида дар роҳ ба сардхона зинда шуд

«Вақте ки қисми зиёди роҳро тай намудам, писарак ногаҳон атса зад ва сулфидан гирифт»

Ал-Ҳасан Азааре Даниел, сокини Гана, корманди сардхона ҳодисаи наҷоти як кудакро ба радиои чунин Dreamz FM шарҳ додааст. Ба гуфтаи Даниэл, рӯзе ӯро ба шӯъбаи кӯдакони беморхона даъват карданд, то ҷасади кӯдаки нӯҳсоларо, ки фавтида буд, ба сардхона бурданӣ шуд. Ӯро ба болои замбари одамкашӣ шинонда, ба самти сардхона равонӣ шуд. Вақте ки қисми зиёди роҳро тай намудам, писарак ногаҳон атса зад ва сулфидан гирифт. «Ман фавран истодам, ӯро оҳиста ба китфи худ бардошат, ба шӯъба овардам», — мегӯяд Даниэл. — Парасторон пурсиданд, ки чаро ман ҷасадро бозгардонидам, чизе нагуфта аввал ӯро ба ҷойгаҳаш хобонда,танҳо пас аз он гуфтам, ки писарак зинда аст. Онҳо ҳайрон шуданд. » Баъдан кӯдак сиҳат шуда, аз беморхона ҷавоб шуд. Қаблан моҳи феврал хабар дода будем, ки як зани чинӣ иштибоҳан шавҳари зиндаашро ба сардхона фиристодааст. Пас аз чанд соат, ин хаторо кормандони хонаи мурдасузӣ (крематсия) , ки ин мардро барои дафн омода мекарданд, мушоҳида карда, ӯро даҳони бухории мурдасӯзӣ берун оварданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *